37.9 C
Dushanbe

Хатлон: 343 нафар захмӣ ва ҳалок шуданд

Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон бо нашри як гузориш гуфтааст, ки дар давоми 6 моҳи аввали соли ҷорӣ 343 нафар бар асари садамаҳои нохуши нақлиётӣ ҳалок ва захмӣ шудаанд.

Дар ин гузориш, ки дирӯз, 24-уми июли соли 2025 нашр шуд, Раёсати корҳои дохилӣ гуфтааст, ки бархе аз онҳое, ки ҷони худро дар ин давраи ҳисоботӣ аз даст доданд, дучарха ва ё сечархасаворон мебошанд.

Ба қавли Раёсати корҳои дохилӣ, дар ин шаш моҳи аввали соли ҷорӣ бар асари садамаҳои нақлиётӣ 131 нафар ҷони худро аз даст додаву дасти кам 212 каси дигар ҷароҳат бардоштааст.

Дар ин давра бо иштироки иштироки ронандагони мотороллер, мототсикл, скутер ва монанди онҳо 42 ҳодисаи садамавӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 26 нафар ба ҳалокат расида, 37 нафар ҷароҳат бароштаанд. 

Коршиносон мегӯянд, агар дар Тоҷикистон аз як сӯ нодонӣ ва камтаҷрибагии ронандагон боиси сар задани садамаҳои нақлиётӣ шавад, аз сӯи дигар роҳҳои ноҳамвор, тангу торик ҳам дар хеле аз вақтҳо сабабгори саросемагии ронандаҳо гардида, боиси рух додани садамаҳои нақлиётӣ мешавад.

Гуфтанист, на ҳама садамаҳои нақлиётӣ бо сабаби камхобӣ ва ё идора карда натавонистани ронандаҳои рух медиҳанд, балки ҳолатҳое низ вуҷуд дорад, ки кормадони худи БДА боиси сарзадани садамаҳои нақлиётӣ мешаванд. Барои мисол, постҳои муваққатӣ ва ғайриқонунии бархе кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) дар кӯчаву хиёбонҳо ва роҳҳои байниноҳиявӣ, ки асосан ба хотири пулситонӣ аз ронандагон ташкил карда мешаванд, метавонанд боиси сарзадани садамаҳои нақлиётӣ шаванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Кӣ намехоҳад ҷанг дар Ғазза тамом шавад?

Бо пас фаро хонадани ҳайатҳои Исроил ва Амрико аз...

Ҷойивазкунии мақомдорон дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон дар як қатор аз...

Беҳуш шудани Қодиров дар Туркия

Рамзан Қодиров, раҳбари Чеченистон, рӯзи 24-уми июл ҳангоми истироҳат...

Фаронса ният дорад Давлати Фаластинро расман ба расмият бишиносад

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон эълон кард, ки кишвараш ният...