Додгоҳи олии Тоҷикистон Абдухалил Холиқзода, соҳибкор ва муаллифи китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман”-ро ба 6,5 соли зиндон неву барои 9 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.
Қаблан гуфта мешуд, ки Холиқзода ба 6,5 сол, Абдуқодири Рустам ба 4,5 соли зиндон маҳкум шудаанд ва аммо Раҷабзода Суҳроб, соҳиби нашриёти “Эр-Граф” бо пардохти ҷарима озод шудааст.
Аммо “Азия-Плюс” дар истинод ба шуъбаи иттилооти Додгоҳи олӣ менависад, ки Холиқзода бо моддаҳои 189 қисми 2 (Барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ) ва 289 қисми 2 (Қочоқ) -и Кодекси ҷиноӣ гунаҳгор дониста шуда, ба 9 соли зиндон маҳкум шуда, барилова ӯ бояд ба миқдори 76800 сомонӣ ҷарима пардохт кунад.
Инчунин Додгоҳи олӣ нависандаи шинохтаи тоҷик Рустами Абдуқодирро низ ба барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ва динӣ муттаҳам карда, ба 4 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кардааст.
Раҷабзода Суҳроб Тоир, директори нашриёти “Эр-Граф”-и шаҳри Душанбе, ки дар ин парванда ҳамчун ношир ҷалб шуда буд, бо иттиҳоми “Сӯиистифодаи ваколат аз ҷониби кормандони ташкилотҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳо” (моддаи 295 қисми 1 КҶ) ба 1 соли зидон маҳкум шудааст.
Гуфта мешавад, ҳукмҳо аз ҷониби Додгоҳи олӣ 22-юми феврали соли 2024 содир шудаанд.
Боздошт ва зиндонӣ шудани ин 3 нафар, ки солҳо боз ҳамчун ходимони ҷамъиятӣ, яке ба сифати адабиётшинос ва нависанда, дувумӣ ҳамчун тоҷиру соҳибкор ва яке аз корофаринҳои шинохта ва савумӣ ҳамчун молики яке аз беҳтарин нашриётҳои хусусӣ дар Тоҷикистон ҳастанд, вокунишҳои зиёдеро дар дохил ва хориҷ аз Тоҷикистон ба вуҷуд овардааст.
Ин се нафар замоне аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон боздошт шуданд, ки гурӯҳе аз кормандони Вазорати фарҳанги Тоҷикистон тобистони соли гузашта, баъд аз се моҳ гузаштан аз нашри китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” корзореро дар шабкаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои дохилӣ алайҳи муаллиф, муҳаррир ва ношири он ба роҳ монда буданд. Ба дунболи онҳо хеле дигар аз афроди шинохта, аз он ҷумла президент ва бархе кормандони Академияи илмҳои Тоҷикистон ҳам вориди амал шуда, аз мақомот хоста буданд, ки ба муҳтавои ин китоб баҳои ҳуқуқӣ бидиҳанд.
Гуфта мешавад, 15-уми августи соли 2023, Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон дар бораи фаъолиятҳои адабии ин тоҷири муваффақи кишвар гуфта буд: “Ӯ фаъолияти худро ба таҳқири миллати тоҷик, ҷудо кардани минтақаҳои гуногуни мамлакат, таҳқири намояндагони маҳалҳо, барангехтани кинаву адоват, ҷудо кардан ба мазҳабҳо ва динҳои гуногун, ноорому ноамн намудани мамлакат равона намуда, дар китоби худ ҳамин масъалаҳоро навиштааст. Шахсан супориш додам, ки ин одамро ба ҳабс гиранд ва ӯ дар назди қонун ҷавоб мегӯяд.“
Аммо раиси бемористони Ибни Сино дар оғози ҳамин китобаш мегӯяд: “Падидаи маҳалгароӣ зеҳни ҳар як фарди соҳибандешаро машғул медорад, зеро дар таърихи навини мо сабаби асосии бебандубориҳо низ ҳамин падида ба ҳисоб меравад. Умедворам, ҳоло, ки шароити мусоид фароҳам шуда ва ҷомеа ҳам асари асафбори ин падидаро таҷриба кардааст, бо кӯшиши зиёиён ва бахусус ҷавонон, ҷанбаи тафриқаандозии он коҳиш ёбад ва шояд рӯзе аз байн бурда шавад.” (Ҳаводиси рӯзгори ман, саҳ.-6)