Бо гузашти ду сол аз эътирозҳои моҳи май дар Бадахшон ва кушта шудани даҳҳо сокини маҳаллӣ дар ин вилоят ҳамоно касе ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст.
Созмони Дидбони ҳуқуқи башар (HRW) бо нашри як баёния аз шарикони байналмилалии Тоҷикистон хостааст, то ҳодисаҳои хунини моҳи майи соли 2022-ро дар Хоруғу Рӯшон ба ёд оранд ва аз мақомоти кишвар посухгӯйиро талаб кунанд.
Дар ин баёния, ки рӯзи 16-уми май нашр шудааст, гуфта мешавад, ки эътирозҳо рӯзи 16-уми майи соли 2022 дар шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) бо талаби қатъи таъқибу зулми сокинони маҳаллӣ аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон ба таври осоишта оғоз шуда буданд.
Аммо пулис бо истифода аз тирҳои резинӣ ва гази ашковар эътирозгаронро пароканда карду даҳҳо сокинони маҳаллиро кушт ва беш аз дусад эътирозгарро худсарона боздошту шиканҷа ва дар мурофиаҳои пушти дарҳои баста равонаи зиндон карданд.
Cийнат Султоналиева, намояндаи Human Rights Watch мегӯяд, ки барои саркӯби эътирозгарон, ки мақомот онро “амалиёти зиддитеррористӣ” номиданд, касе ба ҷавобгарӣ кашида нашуд.
Дар ин баёния инчунин гуфта мешавад, ҳадди ақал шаш фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки аз ҳуқуқи помириҳо ҳимоят мекарданд, аз ҷумла, Улфатоним Мамадшоева, рӯзноманигори 67-солаи мустақил ва ҳомии ҳуқуқ ва Манучеҳр Холиқназаров, раиси Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуданд.
Сийнат Султоналиева мегӯяд, пас аз ин ҳодиса садҳо созмон баста шуда, пайравони Исмоилия аз гузоштани намоз дар хонаҳояшон маҳрум гардиданд.
Ӯ дар идома таъкид кардааст, ки вокунишҳои байналмилалӣ ба ин буҳрон нисбатан суст шуда, моҳи июли соли 2022 Парлумони Аврупо ва моҳи декабри соли 2022 гузоришгари вежаи СММ оид ба вазъи ҳомиёни ҳуқуқи башар Мэри Лоулор аз мақомоти Тоҷикистон даъват карданд, ки ҳодисаҳои хунин дар ВМКБ-ро тафтиш кунанд. Аммо ба гуфтаи хонум Султоналиева чизи бештаре лозим аст.
Ҳамзамон дар баёнияи HRW гуфта шудааст, ки бо вуҷуди гузоришҳо дар бораи даст доштани Тоҷикистон дар саркӯбҳои фаромилӣ, нишонаҳое аз ҳамкориҳои амниятӣ миёни бархе аз аъзои Иттиҳодияи Аврупо ва Туркия бо Тоҷикистон мушоҳида мешавад ва шарикони байналмилалии Тоҷикистон воқеаҳои моҳи майи соли 2022 дар Хоруғро ба ёд оварда, аз мақомоти Тоҷикистон посухгӯйиро талаб мекунанд.