31.9 C
Dushanbe

HRW: Ҳукми Манучеҳр Холиқназаров бекор карда шавад

Cозмони Дидабони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) бо нашри изҳороте аз мақомоти Тоҷикитон талаб кард, ки адвокати шинохтаи зодаи Бадахшон Манучеҳр Холиқназаровро, ки ғайриқонунӣ боздошту зиндонӣ шудааст, озод кунад.

Дар изҳороти созмони HRW, ки 4-уми апрели соли ҷорӣ нашр шуд, аз мақомоти Тоҷикистон талаб шудааст, ки ҳукми додгоҳ алайҳи зиндонии сиёсӣ Манучеҳр Холиқназаров ва дигар фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бекор карда шавад ва барои нақзи ҳуқуқашон ба онҳо ҷубронпулӣ пардохт гардад.

Сийнат Султоналиева, пажӯҳишгари масоили Осиёи Марказӣ дар HRW маҳкум ба зиндон шудани адвокат Манучеҳр Холиқназаровро интиқоми мустақими мақомот барои фаъолияти касбияш номид. Хонум Султоналиева мегӯяд, ки ин амали мақомот доғи дигареро ба вазъи ҳуқуқи башари ҳукумати Тоҷикистон зам мекунад.

Пештар аз ин HRW дар изҳороти муштараке бо ҳафт созмони байналмилалии ҳуқуқи башар аз мақомоти Тоҷикистон талаб карда буданд, ки ба ҳамаи гурӯҳҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ иҷозат дода шавад, ки бидуни мамониат кор кунанд ва ҳама иттиҳомоти қалбакӣ алайҳи Холиқназаров ва дигар ҳомиёни ҳуқуқро ҳукумат лағв кунад.

Дар изҳороти муштараки созмонҳо гуфта мешуд, ки мақомоти Тоҷикистон бо бастани созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷиноӣ эълон кардани кори ҳомиёни ҳуқуқи башар, маъракаи худро барои аз байн бурдан ва хомӯш кардани ҳама гуна садоҳои интиқодӣ дар кишвар идома медиҳанд.

Манучеҳр Холиқназаров моҳи майи соли 2022, дар пасманзари ҳодисаҳои ахири Бадахшон боздошт ва моҳи декабри соли 2022 дар мурофиае пушти дарҳои баста бо иттиҳомоти сохта, яъне ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷиноӣ ва мамнӯъ ба 16 соли зиндон маҳкум шуд.

Холиқназоров то замони боздошташ мудири Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир буд ва моҳи ноябри соли 2021 ба “Комиссияи 44”, ки  дар ҳамкорӣ бо муфаттишони Додситонии кул кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков ва беназмиҳоро дар маркази ВМКБ таҳқиқ мекарданд, пайваста буд. Ҳоло аксари аъзои ин комиссия бо иттиҳомоти сохта равонаи зиндон гаштаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боз беш аз 150 муҳоҷири тоҷик боздошт шуд

Нерӯҳои интизомии Федератсияи Русия субҳи рӯзи 30-уми майи соли ҷорӣ беш аз 150 муҳоҷири тоҷикро дар назди метрои Митинои Маскав боздошт карда, ба шуъбаи пулис бурданд.

Афзоиши ҳолатҳои қаллобӣ дар Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон рӯзи 30-уми майи соли ҷорӣ аз боздошти нафаре хабар дод, ки дар қаллобӣ ва азхудкунии пулҳои мардум бо роҳи фиреб муттаҳам мешавад.

Ҳушдори Белорус ба Ғарб: Хатти сурхро убур накунед!

Як мақомдори баландпояи низомии Белорус пас аз ҷобаҷакунии силоҳҳои ҳастаии Русия дар хоки ин кишвар ба Ғарб ҳушдор дод, ки хатти сурхро убуб накунанд.

Идомаи “рейд”-и муҳоҷирон дар Русия

Ҳафтаи дуюм аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои Федератсияи Русия...