14.9 C
Dushanbe

Як бому ду ҳаво. Худи Раисҷумҳур чанд забони хориҷиро медонад?

Раисҷумҳур, ки худ идеологи сиёсати “омӯхтани забони хориҷӣ” аст, чанд забони хориҷиро медонад? Ҳаддиақал ӯ забони форсиеро, ки имрӯз барои ҳукуматдорони мо хориҷӣ ҳисоб мешавад, хонда метавонад?

Раисҷумҳури Тоҷикистон чун ҳамасола дар охири соли 2021 низ паёмашро ба Парлумони кишвар ироа кард. Дар ин паём, ки Президент ба унвони як коршиноси аршад факту арқом ва далоилеро матраҳ мекунад, воқеан, афкори солим ва қобили қабулу ҷонибдорӣ зиёданд, аммо боз ҳам масоиле ҳастанд, ки баъзе аз суолотеро халқ мекунад. Зимнан, тайи як матлаб наметавон кулли бахшҳое аз паёмро баррасӣ кард, бинобар ин, феълан ба ҳадаф наздик шудан ҳам ба манфиати мосту ҳам расидан ба қадри фурсати хонанда.

Моҳи декабри гузашта Эмомалӣ Раҳмон дар паёми ахираш ба яке аз мавзуоти муҳим, маориф, вазъи таълиму тадрис ва ҳамчунин забондонии мақомот таъкид кард, ки то ҷое ин масъала низ ба омӯзишу парвариш гиреҳ мехӯрад. Ӯ гуфт, баъзан ҳуқуқшиносҳову иқтисоддонҳоеро, ки ба кор дар вазорату идораҳо қабул мешаванд, мепурсад, кадом забони хориҷиро медонанд. “Намедонанд.”

Ҳамчунин хабаргузории “Спутник” навишт, Президент ба мавзуи забономӯзии хонандагону омӯзгорон дахл карда гуфт, бояд ҳар як омӯзгор ба ду забони хориҷӣ – русӣ ва англисӣ ҳарф зада тавонад. Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, ӯ таъкид кард, новобаста аз фанни дарсдиҳӣ муаллим бояд ақалан бо ин ду забон суҳбат карда тавонад.

Аз нигоҳи назарӣ, чунин як андеша фикри баде нест, балки қобили дастгирӣ аст. Вале ин сиёсат ҳаддиақал аз соли 1998 пайгирӣ мешавад, вале он то ҳол дар сутуҳи болоии ҳукумат татбиқ нагаштааст. Ҳанӯз ҳамон солҳо аз ҷониби Раисҷумҳури Тоҷикистон ташвиқоте сурат мегирифт, ки бояд ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ рӯ овард. Аммо ин барнома барои Ҳукумати Тоҷикистон номуваффақ будааст. Агар не, барои мисол, худи Раисҷумҳур, нафаре, ки идеологи ин сиёсат аст, чанд забони хориҷиро медонад? Ҳаддиақал ӯ забони форсиеро, ки имрӯз барои ҳукуматдорони мо хориҷӣ ҳисоб мешавад, хонда метавонад?

Тоҷикистон як давлати мустақил аст ва муҳимтарин нишони истиқлол таҳаққуқи арзишҳои миллист. Аммо забони тоҷикӣ, муҳимтарин арзиши миллӣ дар кишвар дар кадом поя аст? Чаро ҳич мансабдоре болои омӯзиши забони тоҷикӣ тамаркуз намекунад? Оё кулли мансабдорони тоҷик забони тоҷикиро ба қадри кофӣ медонанд? Ҳаддиақал онҳо метавонанд бо як эронӣ ва афғонистонӣ бидуни мутарҷим суҳбати тахассусӣ кунанд? Ҳол он ки бидуни донистани забони тоҷикӣ балад шудан бар дигар забонҳои хориҷӣ ғайриимкон аст. Далели дигари надонистани забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон ва қадр нашудани забони давлатӣ дар кишвар он аст, ки бо гузашти 30 сол аз истиқлол ҳич китоби мукаммал (ба истиснои кутуби дарсии макотиби ҳамагонӣ)-е барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус англисӣ ва арабӣ бо забони тоҷикӣ мунташир нашудааст ва забономӯзони мо аз кутуби русӣ дар ин бора истифода мекунанд. Раисҷумҳури муҳтарам, ки ҳамеша таъкид бар шукргузорӣ аз истиқлол мекунанд, аз ин қазия хабар дорад? Ин чӣ гуна истиқлол аст, ки ҳатто забономӯзии мо аз тариқи манобеи русӣ сурат мегирад?

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳоле бар забономӯзӣ шиор медиҳад, ки сатҳи забондонии кобинаи ин ҳукуматро вазири маорифи собиқи Ҳукумат Нуриддин Саидзода чанд соле қабл ба намоиш гузошта буд. Навори суханронии ӯ бо забони русӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва мунҷар ба мабоҳиси зиёде шуд. Ҳатто иддае аз корбароне пайдо шуданд, ки ба ҷонибдорӣ аз вазири собиқ садо баланд карданд, ба ин далел ки Тоҷикистон кишвари мустақил аст ва донистани забони русӣ барои як вазири тоҷик шарт нест.

Аз ин манзар бояд вориди қазияи мазкур шуд, ки Нуриддин Саидзода кадри замони Шӯравӣ аст. Замоне ки ӯ дар мактаби миёна, донишгоҳ таҳсил ва дар артише хидмати сарбозӣ кардааст, ки забони русӣ он ҷо аз мақоми хоссе бархурдор буд. Он замон забони русӣ забони давлатӣ буд, агарчи заминаи қонунии он фароҳам набуд, аммо аз соли 1938 то соли 1989 дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ забони русӣ ҳукмронӣ мекард. Бинобар ин, оддитарин марди тоҷике, ки дар даврони Шӯравӣ хидмати сарбозӣ кардааст, забони русиро медонад. Хеле дарсади ками онҳо ин забонро намедонанд. Дар чунин ҳол вақте вазири муҳтарам забони давлатиро намедонист, чӣ тур тавонист дар он замон касби илм кунад? Ба кадом далел ин доктори улуми фалсафа тавонист дар замон ва масире гом бардорад, ки бидуни донистани забони русӣ тай кардани он пайроҳа имконнопазир буд? Ҳамчунин ӯ чӣ гуна тавонист вазир шавад? Магар ҷаноби Раҳмон ӯро ба маснади вазирӣ таъйин накарда буд? Агар Нуриддин Саид як кадри замони истиқлол мебуд, ин суолҳоро матраҳ намекардам, зеро дар даврони истиқлол вазъ дигар аст, аммо тавре дар боло гуфтам, вазири собиқи маориф дар замоне сабзида буд, ки донистани забони русӣ яке аз аркони муҳими ин сабзиш маҳсуб мешуд.

Яъне таъкиди Раисҷумҳур ба донистани ҳадди ақал ду забони хориҷӣ як сухани подарҳаво ва умуман дар Тоҷикистон безамина аст. Ҳич нафаре ҳам пушти ин суханҳо намегардад ва онҳоро худи Раисҷумҳур ҳам фаромӯш мекунад. Агар чунин набуд, ин сиёсат, ки тавре дар боло гуфтам, аз соли 1998 дунбол мешавад, ҳадди ақал дар нисбати мансабдорони раддаҳои болоии Ҳукумат татбиқ мешуд ва нафаронеро рӯи кор меовард, ки ду забони хориҷиро медонистанд. Зимнан, тайи ин солҳо Раисҷумҳур дар баробари забони русӣ як забони дигарро низ ёд мегирифт.  Ё Шумо бовар доред, ки Асалдуллоҳ Раҳмонов бо ду забони хориҷӣ суҳбат кунад?

Дигар эроде, ки Раисҷумҳур дар ин замина матраҳ кард, усули куҳнаи таълим буд. Ин воқеият дар Тоҷикистон ҷо дорад. Аммо як муаллим дар танҳоӣ метавонад таҷаддудгаро бошад? Барнома ва кутуби таълимиро кӣ таҳия мекунад? Чаро барои ин кор танҳо муаллим, муҷрии дастуроти Вазорати маориф ва илм интиқод мешавад?

Дуруст аст, ки Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии кишвар бахш дорад ва ин бахшҳо макотибро назорат мекунанд. Вақте нозири маориф меояд, агар муаллим конспект надошта бошад, гап мешунавад. Ин конспект бозмонда аз даврони Шӯравӣ аст, ки раванди дарс дар он таҷассум шудааст. Кулли муаллимон бояд онро дошта бошанд ва низ доранд, аммо аксари шогирдони онҳо дар мактаб ба ҳадди кофӣ савод надоранд. Вале бо вуҷуди ин конспект аз тарафи бахши маориф тақозо мешавад. Ҳамин гуна таҳияи барномаҳо танҳо барои ҳисобот аст, ки бар асоси он сатҳи савод коҳиш меёбад, аммо ба гуфтаи Раисҷумҳур, бар асоси он мадраки фориғуттаҳсилӣ медиҳанд.

Имрӯз дар баробари он ки Тоҷикистон ба камбуди муаллимони соҳибтахассус рӯ ба рӯст, омӯзгорони мактаб аз тарафи мақомот сӯистифода мешаванд. Либоси мактабиро аз тариқи онҳо ба фурӯш мегузоранд. Ин бизнеси кист? Чаро мақомоти марбути мубориза бо фасод инро намебинад? Соли гузашта ҳар як муаллими ноҳияи Панҷ барои сохтмони бинои бахши ҲХДТ дар ин ноҳия ба маблағи 40 сомонӣ “хайри маҷбурӣ” дод. Президент аз ин кор хабар дорад? Рисолати омӯзгор тадрис дар мактаб аст ё иҷро кардани “сиёсати хирадмандона”-и ҲХДТ, ҳатто бинои сохтан барои он?

Моҳи сентябри соли гузашта Нуралӣ Собирзода, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар суҳбат бо расонаҳо изҳори нигаронӣ карда буд, ки муаллимон тарки касб мекунанд. “Ҳоло бо вуҷуди мушкилоти зиёд як масъалаи дигар пеш омадааст. Шуморе аз омӯзгорон аз кор рафта истодаанд. Барои мо ин проблемаи калон шуда истодааст”, – навишта буд радиои “Озодӣ” аз номи ӯ. Ман гумон доштам, Раисҷумҳур дар паёмаш сари ин масъала, тарки кор кардани омӯзгорон тамаркуз хоҳад намуд, аммо ба истилоҳ дар ин масъала мижжааш хам нахӯрд, балки айбро боз бар дӯши касон – муаллимоне вогузор кард, ки онҳоро мақомоти кишвар, кормандони бахшҳои мубориза бо фасоди молӣ, молия, маориф, мудирони макотиби ҳамагонӣ, андоз, ҲХДТ мисли гов медӯшанд. Пас чӣ гуна ин соҳа рушд кунад? Ба суханронии Раисҷумҳур бовар кунем ё ба бозор табдил шудани мактаб?

Дар фароварди матлаб бояд гуфт, баррасиҳои Раисҷумҳур яктарафаанд ва он тавре сухан мегӯяд, ки гӯӣ як коршиноси мустақил аст, на раиси Ҳукумат. Яъне ҷаноби Раҳмон худро аз тамоми камбудиҳо канор мекашад ва масъулиятро болои шонаҳои касоне мегузорад, ки эшон аслан имкони тағйир додани вазъи мавҷудро надоранд. Ба ибораи дигар ӯ ҳамеша мехоҳад дигаронро ба унвони омили бадбахтии миллат муаррифӣ намояд ва аз худ мӯсичаи бегуноҳ тарошад, аммо дар асл ҳамаи ин нокомиҳо аз сиёсатҳои “хирадмандона”-и ӯ сарчашма мегиранд, маҳз аз забономӯзӣ. Хонандагони макотиб ва донишҷӯён забон меомузанду кишварро тарк мекунанд, дар Ватан кор пайдо карда наметавонанд ва агар тавонанд ҳам бо он маоши ночизе, ки мегиранд, ҳамчун ҷавони коргар наметавонанд шароити зиндагии муносиб дошта бошанд, бинобар ин кишварро тарк мекунанд.

Ахиран Раисҷумҳур Парлумонро муваззаф кард, то барномаи ислоҳи соҳаи омӯзишу парваришро омода намояд, ки ба эҳтимоли зиёд ин барнома ҳам ба мисли барномаи таҷҳизи макотиб бо компютер пиёда мешавад. Барномаи мазкур яктарафа иҷро шуд. Макотиб бо компютер муҷаҳҳаз шуданд, аммо на ҳамаи онҳо муаллими ҳирфаӣ доранд, ҳамчунин компютер бе барқ рӯшан намешавад. Бинобар ин бо вазъе, ки Тоҷикистон дорад, ин ислоҳоти омӯзишу парвариш ба ҳамин шева сурат мегирад, гумон накунам, мушкилеро ҳал кунад. Аммо дар ин пай, албатта, гунаҳкор донистани ҷомеа дар нокомии “сиёсатҳои хирадмандона” идома хоҳад дошт, то асрори ақибуфтодагии ҳукумат ва мағзҳои ақими он барои тамоми ҷомеа ошкор нашавад.

Дарвеши Кӯҳистонӣ

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон шомили кишварҳои олудатарини ҷаҳон шуд

Созмони швейтсариягии IQAir, ки сифатнокии ҳаворо дар кишварҳои ҷаҳон таҳқиқ мекунад, дар гузориши тозааш Тоҷикистонро шомили кишварҳои олудатарини дунё кардааст.

Шикояти муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз боздошту шиканҷа

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳолл" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Ҳабси пешакии гумонбарон дар ҳамлаи хунини Русия

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳоле" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия

Мақомоти баландпояи Тоҷикистон ва Туркия дар бораи ҳамкориҳои худ ва аз он ҷумла дар бораи масоили амниятӣ суҳбат карданд.