30.9 C
Dushanbe

Як ҷавони тоҷик дар Русия дар дохили мошини “Ёрии таъҷилӣ” ҷон бохт

Акс аз: gazetauzao.ru

Бино ба хабараҳои расида, як ҷавони 23 солаи муҳоҷири тоҷик дар вилояти Ленингради Русия дар дохили мошини “Ёрии таъҷилӣ” ҷон додааст.

Пойгоҳи  хабарии “47news” аз қавли Пулиси Всеволожский навиштааст, ки шаби 10 сенябр дар гулгашти Воронтсов, хиёбони Ручёвский як ҷавони тоҷик дар дохили мошини “Ёрии таъҷилӣ” ҷон додааст.

Ба гуфтаи Полис дар тани ҷавон танҳо як  либоси таг будааст ва дар панҷаҳои дастони ӯ аломатҳои осебу ҷароҳат аз нирӯи барқ дида шудааст. Табибон гуфтаанд, ки ин ҷавонро ба назди мошини “Ёрии таъҷилӣ” рафиқонаш оварданд ва хабар доданд, ки ӯро нирӯи барқ задааст. Шуъбаи тафтишоти ноҳияи Всеволожскийи вилояти Ленингради Русия ба таҳқиқи қазияи шурӯъ кардааст.

То ҳол дар бораи ҳувияти ин ҷавони марҳум ва аз кадом минтақаи Тоҷикистон буданаш чизе гуфта нашудааст. Ба гуфтаи Пулиси Всеволожский таҳқиқот дар бораи маълум карданаи ҳувияташ идома дорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Танишҳои дипломатӣ байни Русия ва Озарбойҷон

Дар пайи боздошти даҳҳо озарбойҷонӣ дар шаҳри Екатеринбург, байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон танишҳои шадиди дипломатӣ ба миён омадааст.

130 млн доллари Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Фонди Рушди Арабистони Саудӣ Султон Абдурраҳмон ал-Маршад мулоқот кардааст.

Ихроҷи густардаи афғонҳо аз Эрон

Мақомоти эронӣ пас аз ҷанги 12-рӯза бо Исроил ихроҷи густардаи муҳоҷирони афғонистониро рӯи даст гирифтаанд.

Ҳушдор! Ба Белорус сафар накунед!

Он муҳоҷирони тоҷикистоние, ки аз Русия бо сабабҳое ихроҷ ва мамнуъулвуруд шудаанд, ба Белорус ҳам сафар карда наметавонанд.