25.9 C
Dushanbe

Сардори Агентии назорати маводи мухаддири Хатлон боздошт шуд

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон раиси Агентии назорати давлатии маводи нашъаовари вилояти Хатлонро боздошт кардаанд.

Полковник Нодир Муродзода, сардори Раёсати назорати давлатии маводи нашъаовар дар вилояти Хатлон рӯзи 10-уми феврал ҳамроҳ бо чор зердасташ бо иттиҳоми “қаллобӣ” ва гирифтани 150 ҳазор сомонӣ пора аз наздикони як гумонбар дар кочоқи маводи мухаддир, боздошт шудааст.

То ҳол мақомот расман боздошти ин полковникро шарҳ надодаанд. Назари худи Муродзода ва наздиконаш дар ин бора дастраси расонаҳо нест.

Дар ҳамин ҳол Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеаш аз мақомоти тафтишотӣ менависад, ки “Нодир Муродзода дар ҳамкорӣ бо кормандони КДАМ дар Хатлон як кочоқбарро боздошт мекунад ва тафтиши парвандаи онро бар дӯш мегирад, вале бар хилофи далелҳо талош мекунад, то ӯро аз ҷавобгарӣ раҳо созад ё ҷурмашро камтар нишон диҳад”.

Гуфта мешавад нисбати полковник Муродзода бар асоси моддаи 247, қисми 4-и Кодекси ҷиноятӣ, яъне “қаллобӣ ба миқдори махсусан калон” парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ӯ барои тағйири парвандаи як кочоқбар ва гирифтани пора дар ҳаҷми беш аз 150 ҳазор сомонӣ айбдор мешавад.

Ин моддаи Кодекси ҷиноятӣ аз 94 ҳазор сомонӣ то беш аз 140 ҳазор сомонӣ ҷарима ё аз 8 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Ҳоло Нодир Муродзода дар боздоштгоҳи КДАМ дар Душанбе нигаҳдорӣ шуда, парвандаи ӯ ва зердастонашро Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Додситонии кулли кишвар таҳқиқ доранд.

Ин бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон мақомдоре бо иттиҳоми гирифтани пора ва қаллобӣ боздошт мешавад. Аммо дар аксар ҳолат онҳо бо супоридани ҷарима ва ё воситабозӣ аз ҷавобгарӣ озод карда мешаванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.