Акс аз сомонаи "Ахбор"

Иззат Амон ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Руссия дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дод, ки додгоҳи ноҳияи Кунтсевои шаҳри Маскав рӯзи 10 сентябр ширкати "Сфера-Сервис”-ро муваззаф кард, ки ба Исломов Хурсандмурод Мирзоазизович коргари тоҷикаш 1,2 миллион рубл товон супорад.

Иззат Амон дар додгоҳи шаҳри Маскав аз манфиатҳои Исломов ҳимоя мекард.

Ба навиштаи Иззат Амон додгоҳ ин нуктаро ба назар гирифтааст, ки Исломови 26-сола аз ноҳияи Мастчоҳ ягона саробони оила буда, аксари аъзои он хонавода маъюб мебошанд. Акнун ягона саробони ин оила низ саломатии худро аз даст дода ва  маъюб гардид.

Бино ба навиштаи сомонаи "Ахбор", Хурсандмурод Исломов дар як сохтмони хатти истгоҳи метро ба ҳайси кафшергар кор мекард, тобистони соли 2019 ҳангоми корҳои сохтмонӣ лӯлаи ҳаво якбора канда шуда, бо шаст ба тани Исломов зада буд. Ӯ аз  қабати дуюми зеризаминӣ ба рӯи бетон афтод ва дасту пояш шикаста, миёнаш дардманд гардид.

Исломов барои табобаташ 300 ҳазор рубл харҷ кард, вале ширкати суғуртаи “Абсолют” харҷи табобати ӯро ба гардан нагирифт. Баъдан маълум гардид, биманомае, ки Исломов расман аз Маркази “Сахарово” гирифта буд, сохта будааст.

Дар ҳамин ҳол Иззат Амон аз муҳоҷирон хостааст, ки вақте биманома ва ё ҳамон шартномаи суғурта мегиранд, ҳатман ба рақами дар он нишондодашуда занг зананд ва муайян кунанд, ки оё дар ҳақиқат суғуртаи кардаи онҳо ростину қонунӣ аст ва ё сохта.Хурсандмурод Исломов аз ангуштшумор муҳоҷиронест, ки тавонистааст  аз корфармоёни худ дар Русия товони осеб ба саломатиашро бирӯёнад. Дар аксари мавридҳо корфармоён ба муҳоҷирони дар ҷои кор маъюбшуда ҳадди аксар чиптаи парвоз мехаранд ва онҳоро зуд ба ватанашон мефиристанд, ки ягон даъво накунанд.

Вниманию мигрантов!!! Вчера в Кунцевском районном суде г.Москвы нам удалось выиграть суд по возмещению ущерба в размере...

Gepostet von Izzat Amon am Freitag, 11. September 2020

Хонандагони азиз, лутфан, ҳар хабару гузоришеро, ки мушоҳида мекунед ва ё пешниҳоду суоле доред, метавонед онро ба мо, тариқи почтаи электронӣ, Telegram, WhatsApp , Viber ва Imo ба ин рақам: +48519767404 бифиристед.