34.9 C
Dushanbe

Як муҳоҷири тоҷик тавонист дар Русия аз корфармои худ 1,2 млн рубл товон биситонад

Акс аз сомонаи “Ахбор”

Иззат Амон ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Руссия дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дод, ки додгоҳи ноҳияи Кунтсевои шаҳри Маскав рӯзи 10 сентябр ширкати “Сфера-Сервис”-ро муваззаф кард, ки ба Исломов Хурсандмурод Мирзоазизович коргари тоҷикаш 1,2 миллион рубл товон супорад.

Иззат Амон дар додгоҳи шаҳри Маскав аз манфиатҳои Исломов ҳимоя мекард.

Ба навиштаи Иззат Амон додгоҳ ин нуктаро ба назар гирифтааст, ки Исломови 26-сола аз ноҳияи Мастчоҳ ягона саробони оила буда, аксари аъзои он хонавода маъюб мебошанд. Акнун ягона саробони ин оила низ саломатии худро аз даст дода ва  маъюб гардид.

Бино ба навиштаи сомонаи “Ахбор”, Хурсандмурод Исломов дар як сохтмони хатти истгоҳи метро ба ҳайси кафшергар кор мекард, тобистони соли 2019 ҳангоми корҳои сохтмонӣ лӯлаи ҳаво якбора канда шуда, бо шаст ба тани Исломов зада буд. Ӯ аз  қабати дуюми зеризаминӣ ба рӯи бетон афтод ва дасту пояш шикаста, миёнаш дардманд гардид.

Исломов барои табобаташ 300 ҳазор рубл харҷ кард, вале ширкати суғуртаи “Абсолют” харҷи табобати ӯро ба гардан нагирифт. Баъдан маълум гардид, биманомае, ки Исломов расман аз Маркази “Сахарово” гирифта буд, сохта будааст.

Дар ҳамин ҳол Иззат Амон аз муҳоҷирон хостааст, ки вақте биманома ва ё ҳамон шартномаи суғурта мегиранд, ҳатман ба рақами дар он нишондодашуда занг зананд ва муайян кунанд, ки оё дар ҳақиқат суғуртаи кардаи онҳо ростину қонунӣ аст ва ё сохта.Хурсандмурод Исломов аз ангуштшумор муҳоҷиронест, ки тавонистааст  аз корфармоёни худ дар Русия товони осеб ба саломатиашро бирӯёнад. Дар аксари мавридҳо корфармоён ба муҳоҷирони дар ҷои кор маъюбшуда ҳадди аксар чиптаи парвоз мехаранд ва онҳоро зуд ба ватанашон мефиристанд, ки ягон даъво накунанд.

Вниманию мигрантов!!!Вчера в Кунцевском районном суде г.Москвы нам удалось выиграть суд по возмещению ущерба в размере…

Gepostet von Izzat Amon am Freitag, 11. September 2020

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.

Русия мехоҳад бештар хориҷиёнро ба ҷанги зидди Украина барад

Дар наздиктарин фурсат дар Русия қонуни наве қабул мешавад,...

Оё низоми таҳсили 12-сола метавонад сифати таҳсилро беҳтар кунад?

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-соларо ҷорӣ карданӣ аст.

Чаро кишварҳои ҳамсоя афғонҳоро ихроҷ мекунанд?

Ба иттилои мақомоти Толибон, Эрон зарфи як моҳ беш аз 500 ҳазор муҳоҷири афғонистониро ихроҷ кардааст.