11.9 C
Dushanbe

Як ширкати ҳавонавардии нав хатсайрҳояшро байни Душанбе ва шаҳрҳои Русия барқарор карданист

Сурат: aviav.ru

Дар назар аст, як ширкати ҳавопаймоии нав аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Русия парвҳзоро анҷом диҳад. Ин ширкат “Флай Юнион” ном дошта аз Бохтар ба дигар шаҳру минтақаҳои Русия парвоз анҷом медиҳад.

Радиои Озодӣ аз қавли Елена Михеева, сухангӯи “Росавиатсия”, идораи масъули танзими нақлиёти ҳавоӣ дар Русия, навиштааст:  

“Ин кор мувофиқи шартномаи дуҷониба сурат мегирад, қарор аст, парвозҳо дар масири Бохтар-Маскав, Бохтар- Санкт-Петербург ва Бохтар-Екатеринбург анҷом шаванд”.

Михеева гуфтааст:

“Ин ширкати Тоҷикистон аст ва вақте, ки парвозҳои мунтазам миёни ду кишвар аз сар гирифта шаванд, ин ширкат ҳам ба мусофиркашонӣ дар ин масирҳо корро оғоз мекунад”.

Ба гуфтаи Михеева то ба имрӯз маълум нест, ки парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистону Русия кай барқарор мешаванд.

“Росавтиатсия” як ниҳоди иҷрогар аст ва тасмими азсаргирии парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистону Русияро ситоди мубориза бо COVID-19 дар Русия  муқарар мекунад, гуфтааст, сухангуйи “Росавтиатсия”.

Чанде қабл Русия ба чанд кишварҳои ИДМ парвозҳои доимиро ба роҳ монд, ки номи Тоҷикистон дар рӯйхати он набуд.

Аз 20-уми марти 2020 парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистон ва Русия бинобар хуруҷи пандемияи короновирус баста шуданд. То ба имрӯз барои бозгардондани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия даҳҳо парвози чартерӣ, аз тарафи ширкати “Сомон Эйр”, муталлиқ ба Ҳасан Асадуллозода додарарӯсӣ Эмомаплӣ Раҳмон анҷом шудааст.

Бино ба  иттилои сафорати Тоҷикистон дар Русия, бо ин парвозҳои четерӣ  45 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия ба ватан баргаштаанд, вале муҳоҷирон то ҳол аз шеваи номнавис ва фиребхӯрдану дарёфти билети бозашт ба кишвар ва мушкилоти дигар шикоят мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар моҳи Рамазон ба мардум бештар барқ медиҳанд?

Ширкати "Барқи тоҷик" иддао карда, ки дар моҳи мубораки Рамазон ба сокинони кишвар бештар барқ медиҳад.

Иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар сафи артиши Исроил дар Ғазза

Бар асоси гузориш баъзе аз шаҳрвнадони кишварҳои Осиё Марказӣ, бахусус аз Тоҷикистон дар сафи артиши Исроил дар Ғазза ҷангидаанд.

Чаро имсол таъйини Рамазон ихтилофи зиёдеро ба вуҷуд овард?

Шоми дирӯз дар шабакаҳои иҷтимоии тоҷикӣ ва ғайри он баҳси шадиде дар мавриди духули моҳи мубораки Рамазон ба вуҷуд омад.

Баррасии ҳамкориҳои сармоягузории ИА ва Тоҷикистон

Дар шаҳри Душанбе вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ мешавад.