28.9 C
Dushanbe

Ятимов: $2,5 миллон ҷоиза барои сари Кабирӣ

Саймумин Ятимов, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон барои террори Муҳиддин Кабирӣ ҷоизаи пулӣ эълон кардааст.

Акс аз Настояшее время

Муаллифи саҳифаи “мансуб” ба

Дар вокуниш ба ин эълон корбаре бо номи Муҳаммад Абдуллоев, ки зоҳиран фейк ва худро аз ҷонибдорони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон медонад, гуфта аст: “Ба Худо ма барои хами кабириву хсени маймун европа рафтани бдм казокистон да виза нашид грфта 6 мох шид бе пл ятша калаша мегрфтм хоинора”

Дар посух ба ин Саймӯмин Ятимов аз Абдуллоев хостааст, ки “дар месенчер навис”

Пеш аз ин дар соли 2018 яке аз намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо номи Муҳаммадалӣ Расулов дар Аврупо эълон карда буд, ки тибқи нақшаи кумита барои қатл кардани Муҳиддин Кабирӣ ба Аврупо фиристода шудааст, аммо вай аз амру фармони раҳбарони худ дар ин хусус сарпечй карда, даст ба чунин ҷинояте намезанад.

Инчунин таҳдид ба қатл ва ё ба террор кардани Муҳиддин Кабирӣ дар гузашта ҳам аз ҷониби гурӯҳи “Ансоруллоҳ” ва ДИИШ садо дода буд, аммо ин дафъа фарқ мекунад.

Эълони ҷоизаи пулӣ аз тарафи як “мақоми давлатӣ” агар ин таъбир дар нисбати муаллиф саҳфаи мансуб ба Саймӯмин Ятимов дуруст бошад, ва он ҳам ба таври оммавӣ ва ҷоизае ба маблағ 2 миллиону 500 ҳазор доллар камсобиқа мебошад.

Бо ин ҳол, бо гузашти беш аз 48 соат аз нашри хабари эълони ҷоиза барои сар буридани раҳбари эътилофи мухолифини Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар то кунун на Паймони Миллии Тоҷикистон ва на Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон нисбат ба он расман вокуниш нишон на додаанд.

Амруллоҳи Низом, махсус барои АЗДО ТВ

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Гурӯҳи 24” рафтори мақомоти рус ва беамалии мақомоти тоҷикро маҳкум кард

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” бо нашри изҳороте рейду боздошт ва латтукӯби муҳоҷиронро дар шаҳру ноҳияҳои Русия муносибати ғайриинсонӣ ва бераҳмонаи мақомоти давлатии ин кишвар номид.

Шикояти вакилони дифоъи Хуршед Фозилов

Вакилони дифои рӯзноманигори зиндонӣ Хуршед Фозилов аз болои ҳукми Додгоҳи Панҷакент ба Додгоҳи вилояти Суғд шикоят бурдаанд.  

Латтукӯби муҳоҷирон ва ба маконҳои номаълум бурдани онҳо идома дорад

Чанд рӯзи ахир боздошт ва латтукӯби муҳоҷирон, бахусус муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Русия бештар шудааст.

Рафту омад дар роҳи Душанбе-Хуҷанд маҳдуд шуд

Шуруъ аз имрӯз, 1-уми июни соли ҷорӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ барои рафту омади мошинҳо маҳдудият ҷорӣ шудааст.