37.9 C
Dushanbe

Мулоқоти Ятимов ва Тошиев дар Душанбе

Ҷаласи навбатии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи таъйин ва аломатгузории марзи давлатии ду кишвар рӯзи 14-уми ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Ин нишаст таҳти раёсати раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев баргузор шуд.

Бино ба иттилои “Ховар” ҷонибҳо дар мулоқот протоколи дахлдореро ба имзо расонда, ба мувофиқа расидаанд, ки ҷаласаи навбатӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мешавад.

Аз тафсилоти ин вохӯрӣ ба ҷуз ин ки “Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум ҷараён гирифт” чизи дигаре гуфта нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр бо ҳам марзи муштарак доранд ва то кунун бештар аз 500 километри он мушаххас ва аломатгузорӣ шудааст.

Аксар муноқишаҳои марзӣ дар минтақаҳои номуайяншуда сурат мегиранд, ки то кунун боиси марги даҳҳо нафар аз ду тараф гашта ва харобиҳои бешуморе ба ҷо гузоштааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Эрон: Аврупо таҳдиду фишорро канор гузорад

Вазири корҳои хориҷии Эрон дар вокуниш ба таҳдидҳои кишварҳои...

Тоҷикистон аз “Роғун” ба Узбакистон барқ мефурӯшад

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки пеш аз анҷоми корҳои...

Русия муҳоҷиронро бе ваксина ба кор роҳ намедиҳад?

Мақомоти Рурия мехоҳанд, ки барои пешгирӣ аз паҳн шудани...

Интиқоли Гулмурод Ҳалимов ба минтақҳои наздимарзии Тоҷикистон

Бархе расонаҳои Афғонистон мегӯянд, ки Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи...