35.9 C
Dushanbe

Иҷозаи вуруди донишҷӯёни хориҷӣ аз 25 кишвар ба Русия

Вазорати маорифи Русия қарореро қабул намуд, ки тибқи он донишҷӯёни хориҷии 25 кишвар иҷозаи вуруд ба Русияро пайдо намуданд. Аммо дар ин рӯйхат донишҷӯёни Тоҷикистон нестанд.

Қарори мазкур рӯзи 16 марти соли ҷорӣ ба имзо расида, бар асоси он танҳо ба донишҷӯёне иҷозати вуруд ба Русия дода мешавад, ки вазъи эпидемиологӣ дар кишварашон нигаронкунанда нест. Ва ё “Роспотребнадзор” ба вазъи эпидемиологии он кишвар баҳои мусбат дода бошад.

Ба иттилои Вазорати маорифи Русия барои бозгаштани донишҷӯёни хориҷӣ ба дарсҳо бояд онҳо ҳадди аққал 10 рӯз пеш аз таърихи вурудашон ба ин кишвар тариқи почтаи электронӣ масъулони Донишгоҳро дар ҷараён бигузоранд. Ҳамаи донишҷӯёни дохилшаванда бояд аз намояндаи донишгоҳ тавассути почтаи электронӣ иҷозат ё тасдиқ гиранд ва на камтар аз се рӯз пеш аз омадан аз санҷиши коронавирус гузаранд. Ҳангоми назорати марзи дар Федератсияи Русия, хамчунин дар хобгоҳи донишгоҳ бояд шаҳодатнома дар бораи натиҷаи манфӣ ба забонҳои русӣ ё англисӣ пешниҳод карда шавад.

Пас аз расидан ба Русия, донишҷӯён бояд дар давоми се рӯз аз рӯйхати пешниҳодкардаи донишгоҳ санҷиши коронавирусро дар маркази тиббӣ дубора супоранд. Сипас, қабл аз гирифтани натиҷаи манфии тест, донишҷӯ бояд дар хобгоҳ режими худидоракуниро риоя кунад. Ҳамзамон, донишҷӯ бояд ҳар рӯз дар бораи вазъи саломатии худ ба куратори донишгоҳ гузориш диҳад ва агар худро бад ҳис кунад, бояд фавран ба мутахассисон муроҷиат кунад. Ба таҳсили рӯзона танҳо онҳое роҳ дода мешаванд, ки ду санҷиши манфӣ доранд (пеш аз дохилшавӣ ва пас аз дохилшавӣ).

Иҷозаи вуруд ба Русияро дарёфт накардани донишҷӯёни тоҷик дар ҳолест, ки ҳафтае пеш намояндагони Пажӯҳишгоҳи “Микроб”-и “Роспотребнадзор” ба Тоҷикистон омада вазъи эпидемологии кишварро мавриди таҳқиқ қарор доданд. Онҳо дар хулосаи худ ба вазъи эпидемиологӣ ва кори пизишкони тоҷик баҳои баланд дода Тоҷикистонро дар мубориза бо COVID-19 муваффақ донистанд.

Вале бо вуҷуди ин ба донишҷӯёни тоҷик ичозаи вуруд ба Русияро надоданд. Дар ҳамин ҳол сомонаи ҳукуматии “Ховар” дар матлабе ба ин қарори мақомоти Русия вокуниш нишон дода, навишта, ки чаро бо вуҷуди баҳои хуб гирифтани вазъи эпидемологии Тоҷикистон боз ба донишҷӯёни тоҷик иҷозати вуруд ба Русия дода намешавад? “Пас мушкил дар чист? Чӣ монеъ мешавад, ки донишҷӯёни Тоҷикистон ба Россия барои идомаи таҳсили рӯзона баргарданд?

“Рӯйхат, агар мулоим карда гӯем, нофаҳмост. Ба он хотир, ки тибқи маълумоти Кумитаи омори ИДМ, ки чанде пеш нашр шудааст (ниг. ба сомонаи АМИТ «Ховар», 12 марти соли 2021), маҳз аз нигоҳи солимии вазъи эпидемиологӣ Тоҷикистон дар байни кишварҳои Иттиҳод дар ҷои аввал қарор гирифтааст. Дар ҷои дуюм Ӯзбекистон ҷойгир шудааст. Аммо, ҳарду кишвар ба рӯйхати Вазорати маълумоти олӣ ва илми РФ дохил карда нашудаанд. Аммо ба рӯйхат кишварҳое шомиланд, ки дар онҳо вазъи коронавирус, бо вуҷуди маҳдудиятҳои шадид ва оғози эмкунӣ, ташвишовартар аст.”- навишта аст “Ховар”.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бартараф намудани ифлосии Душанбе

Масъулони шаҳри Душанбе мехоҳанд бо гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум мушкилии партовҳои пойтахтро бартараф кунанд.

Даргузашти Муҳаммадалии Файзмуҳаммад дар зиндон

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ дар умри 65-солагӣ дар зиндон даргузашт.

Наздики ним миллард қарзи “ТАЛКО” аз барқ

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон номи қарздорон аз барқро эълон кард.

Норасоии омӯзгор мушкили ҳалнашавандаи Вазорати маорифи Тоҷикистон

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш аз мушкили норасоии омӯзгорон дар мактабҳои миёна шикоят кард.