15.9 C
Dushanbe

“Идгардак”-у пешвози ҳоҷиён ва “либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона” манъ шуд

Дар Тоҷикистон “идгардак”-и кӯдаконро дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Қурбонро манъ карданд.

Бино ба иттилои нашрияи Садои Мардум, рӯзи 8-уми майи соли ҷорӣ раиси Кумитаи дини Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода дар ҳузури вакилони парлумони кишвар дар бораи таҳриру такмил ва тағйирот ба қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” гуфтааст.

Тибқи тарҳи нави ин қонун ва ба гуфтаи Сулаймон Давлатзода, “дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон исрофкорӣ, зиёдаравӣ, тақдими ширинӣ ва туҳфаҳои дигар (идгардак) манъ карда шуд”.

Раиси Кумитаи дини кишвар сабаби чунин тасмимро “тарбияи дурусти кӯдакон ва таъмини бехатарии онҳо дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон” номида, иддао кардааст, ки дар кишварҳои дигар низ идгардак дар шакли мавҷуда ба мушоҳида намерасад”.

Бояд гуфт, баҳси “идгардак”-и кӯдакон чанд сол боз дар Тоҷикистон доғ боқӣ мемонад ва бори охир ин масъала дар аввали моҳи апрели имсол баъди расонаӣ шудани як номаи Вазорати маориф ба мактабҳои кишвар бештар доғ шуд.

Ин ниҳод бо ирсоли дархосте ба боғчаву мактаб ва ҳатто донишгоҳҳо аз омӯзгорон ва падару модарон талаб кардааст, ки рӯзи Иди Рамазон пеши роҳи “идгардак”-и фарзандон ва донишомӯзонро бигиранд, дар акси ҳол то 600 сомонӣ ҷарима хоҳанд шуд.

Ҳамчунин тарҳи нави қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” “воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, инчунин, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани чунин либосҳо”-ро манъ кардааст.

Сулаймон Давлатзода шарҳ надод, ки дар қонуни мазкур дар бораи кадом навъи либосҳо гап меравад, аммо чанде пеш сокинони шаҳру ноҳияҳои кишвар хабар дода буданд, ки кормандони мақомот дар кӯчаву мағозаҳо ва ҳатто дохили нақлиёти ҷамъиятӣ даромада, занони сатрпӯш ва мардони ришдорро бидуни фаҳмондан ва пешниҳоди қарору дастуре маҷбур кардаанд, ки сатрро аз сарашон бигиранд ва ришашонро битарошанд.

Бояд гуфт, аввалин шуда мисли манъи “идгардак”-и кӯдакону донишомӯзон, Вазорати маорифи кишвар бо қароре пӯшидани сатр ва гузоштани ришро манъ карда буд ва пас аз он инак чанд сол мешавад мақомдорони тоҷик дар шаҳру ноҳияҳои кишвар “рейд” мегузаронанд.

Инчунин дар тарҳи нави қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” маҳдудиятҳо дар гузаронидани тӯйи домодию арӯсӣ ва хатнаи кӯдакон ҷорӣ шуда, дар доираи оила гузарондани маъракаҳои гуселу пешвози ҳам ҳоҷиён ва ҳам умракунандагон пешбинӣ гардида, тақсими тӯҳфаҳо, идона оро додани ҳавлӣ, кӯчаву маҳалла ва мошинҳо ба хотири ҳаҷ ва ё умра манъ карда шудааст.

Сулаймон Давлатзода мегӯяд бар ивази гузаронидани тую маърака барои ҳочиён беҳтараш мардум ба корҳои хайриявию эҳсонкорӣ, аз ҷумла таъмири роҳ, кашидани хатти об, сохтмон ва ё таъмири иншооти иҷтимоӣ ва пулҳо машғул шаванд.

Аммо корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мепурсанд, ки агар мардум роҳҳоро таъмир кунанду иншооти иҷтимоӣ созанд, ҳукумат чӣ кор мекунад?

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошту латтукӯби сахти муҳоҷирон аз сӯи ОМОН-и Русия

Рӯзи 2-юми октябр дар шаҳри Новосибрски Русия нерӯҳои вежа ё ОМОН бо хушунат вориди анбори ширкати ''ОЗОН'' шуда, муҳоҷирони кориро боздошт ва латтукӯб карданд.

Лубнон: Як рӯз пеш аз террори Ҳ.Насруллоҳ ба оташбас мувофиқат шуда буд

Вазири корҳои хориҷии Лубнон ҷузъиёти тозаеро аз ҳодисаи террори Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ" фош кард.

Боздошти як тоҷикистонӣ дар Афғонистон бо иттиҳоми узвият дар ДИИШ

Мақомоти Толибони Афғонистон аз боздошти 3 узви ДИИШ хабар доданд, ки яке аз онҳо шаҳрвнади Тоҷикистон гуфта мешавад.

Боздошти як муҳоҷири 45-солаи тоҷик дар Варшава

Пулиси шаҳри Варшаваи Лаҳистон ду мардеро бо иттиҳоми тирандозӣ дар бозори "Олимпия" боздошт кардаанд.