Идомаи “рейд”-и муҳоҷирон дар Санкт-Петербург

Дар шаҳру ноҳияҳои Русия тафтишу боздошт ва истирдоди муҳоҷирони корӣ идома дорад.

Нерӯҳои интизомии Федератсияи Русия ин дафъа дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград даст ба тафтишу боздошти густардаи муҳоҷирон задаанд.

Тафтиши муҳоҷиронро кормандони Сарраёсати тафтишот, Вазорати корҳои дохилӣ ва Гвардияи Русия дар қаҳвахонаҳо, истгоҳҳои таксӣ, хобгоҳҳо ва хонаҳо гузаронида истодаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Сарраёсати ВКД дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград, дар натиҷаи санҷиши рӯзи 2-уми августи соли ҷорӣ, кормандони мақомоти рус дар ноҳияи Всеволожск, Сертолово ва деҳаҳои Бугри ва Ковалево беш аз 200 “муҳоҷири ғайриқонунӣ”-ро ошкор ва боздошт кардаанд.

Гуфта мешавад, муҳоҷиронро ба шуъбаҳои пулис бурдаанд ва бо онҳо кормандони хадамоти муҳоҷират кор бурда истодаанд. Маълум нест ин муҳоҷирон истирдод мешаванд ё не ва миёни онҳо чанд тан зодаи Тоҷикистон аст.

Инчунин нерӯҳои интизомии Русия рӯзи 1-уми август дар ноҳияи Красногвардейский дар чанд хобгоҳ тафтиш гузаронда, дар баробари даҳҳо муҳоҷир нуҳ нафарро бо иттиҳоми ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ боздошт кардаанд.

Дар ҳамин ҳол чанд муҳоҷири кории тоҷик аз гӯшаҳои гуногуни Русия ба Azda.tv хабар доданд, ки рейди муҳоҷирон дар шаҳру ноҳияҳои ин кишвар баъд аз занозании гурӯҳии муҳоҷирон дар шаҳри Чехови вилояти Маскав, ки ба қатли ду иштироккунандаи он анҷомид, авҷ гирифта, мақомоти рус шабу рӯз ҷойи кору хоби муҳоҷиронро тафтиш доранд. Ин “рейд”-ҳо асосан дар шаҳрҳое, ки муҳуҷир бештар аст ба Балашиха, Кателники ва ғайра гузашта истодааст.

Чанд моҳи охир дар Русия фазои муҳоҷирбадбинӣ ва тафтишу боздошти онҳо тавассути мақомоти амниятӣ авҷ гирифта, даҳҳо гурӯҳҳои зиддимуҳоҷирон дар шабакаҳои иҷтимоӣ кушода шудаааст. Ҳатто дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Федератсияи Русия овезаҳое дар деворҳо ва маконҳои умумӣ насб шуда ва аз муҳоҷирон даъват мешавад, ки Русияро тарк кунанду ба хонаҳояшон баргарданд.

Чанде пеш муҳоҷире аз шаҳри Новосибирск ба Azda.tv акси як овезаеро ирсол карда буд, ки дар он чунин навишта шудааст: “Муҳоҷир, хабари хуш! Марзҳо бозанд. Ту метавонӣ ба хонаат баргардӣ ва ба иқтисодиёти кишварат кумак кунӣ!“.

Пештар аз ин, даҳҳо тан аз сокинони шаҳри Котелники дар чанд муроҷиати видеоӣ ба президенти Русия Владимир Путин аз “қонуншиканӣ” ва зиёд шудани муҳоҷирон дар ин шаҳр шикоят карда, хоста буданд, ки пеши роҳи вуруди муҳоҷиронро ба Русия бигирад. 

Инчунин чанд вакили парлумон ва мақомдорони рус бар зидди муҳоҷирон изҳорот дода, хоста буданд, ки барои муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ виза ҷорӣ шавад, вуруди онҳо ба кишвар манъ ва ё ба ҷанг бурда шаванд. 

Баъд аз ин муроҷиатҳо дар аксари шаҳру ноҳияҳои Русия “рейд”-и густурдаи муҳоҷирон оғоз шуд. 

То ин муддат дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои зиёде нашр шуда, ки дар онҳо дида мешавад, мақомоти интизомии ин кишвар муҳоҷиронро гурӯҳ-гурӯҳ боздошт намуда, ба боздоштгоҳҳо мебаранд. Инчунин, дар баъзе наворҳо дида мешавад, ки муҳоҷирон дастҳо пушти сар дар замин хобидаанд ва аз ҷониби мақомоти рус нисбати онҳо таҳқир ва рафтори номуносиб сурат мегирад. 

Идораи динии мусалмонони вилояти Маскав бо нашри изҳороте амали афсарони ОМОН-ро дар вақти “рейд”-ҳо “ваҳшиёна” номида, онро тафтиши таҳқиромез номид ва онро аз рӯи усулаш бештар на ба тафтиши ҳуҷҷатҳо, балки ба амалиёти боздошти ҷинояткорони махсусан хавфнок монанд карда буд. 

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

ГӮШТИ ДАМИ ТӮП: ЗИНДОНИЁНИ ТОҶИКИ ЗИНДОНҲОИ РУСИЯ, КИ ПУШТУ ПАНОҲЕ НАДОРАНД

Фарзандони тоҷик дар ҷанги бегонаву бемаънии Русия бар зидди Украина ҳамчун гӯшти дами тӯп истифода мешаванд…

Қоидаи нави вуруд ба Қазоқистон: QazETA барои шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳатмӣ мешавад

Қазоқистон аз тобистони соли 2027 барои аксари шаҳрвандони хориҷӣ иҷозатномаи электронии вуруд (QazETA)-ро ҳатмӣ мекунад.

Олмон аз сарнавишти Асадулло Бобоев хабар надорад

Чаҳор моҳ пас аз истирдоди Асадулло Бобоев аз Олмон, ҳукумати ин кишвар дар посух ба дархости вакилон гуфтааст, ки дар бораи боздошт ва парвандаи ҷиноятии ӯ дар Тоҷикистон маълумот надорад.

Русия квотаи иқомати муваққатии хориҷиён (РВП)-ро боз кам кард

Ҳукумати Русия квотаи иҷозаи иқомати муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷиро дар соли 2027 то 3010 адад коҳиш дод, ки ин нисбат ба соли ҷорӣ 792 адад, ё тақрибан 21 дарсад камтар аст.