24.9 C
Dushanbe

Вируси COVID-19 аз озмоишгоҳи чинӣ хуруҷ кардааст?

Акс аз: deccanherald.com

Вазорати умури хориҷии Амрико ба матолиби баъзе аз мукотиботи дипломатӣ даст ёфтааст, ки оиди вазъияти Озмоишгоҳи биологии Вуҳони Чин пеш аз паҳншавии вируси оламгири COVID-19 нақл мекунад.

Ин мукотибаҳо марбути соли 2018 мебошанд ва баъзе аз онҳо дар бидояти соли ҷорӣ ифшо шудаанд. Мукотибаҳои мазкур метавонад заминасозе барои иттиҳомоти исботнашудаи давлати Амрико ва Конгрес алайҳи Чин бошад. Чандест Амрико иддао дорад ин вируси оламгир бо иҳтимоли зиёд аз озмоишгоҳе дар шаҳри Вуҳони Чин – хостгоҳи вируси COVID-19 бо сабаби камтаваҷҷӯҳии мутахассисон хуруҷ кардааст. Дар ин бора рӯзи якшанбе 19 июл хабаргузории CNN –и Амрико хабар дод.

Дар яке аз ин мукотабаҳои дипломатӣ омадааст: “Дар адади техникҳо ва муҳаққиқони ботаҷриба, ки дар идораи ин озмоишгоҳ зарурӣ ҳастанд, камбудии ҳақиқӣ дида мешавад”. Дар як номаи дигар, ки ба моҳи апрели соли 2018 рост меояд, гуфта шудааст: “Коршиносони фаронсавӣ роҳнамоиҳо ва омӯзишҳои худро дар бораи эминӣ ва ҳифзи саломатии биологии озмоишгоҳ ироа кардаанд”.

Ҳамзамон бо оғози интишори бемории ҳамагири короно дар авалҳои соли ҷорӣ, Майк Пампео, вазири хориҷаи Амрико ва раиси он Доналд Трамп тасреҳ карданд, ки далоиле дар даст доранд, нишон медиҳад вируси короно аз озмоишгоҳи Вуҳони Чин сар задааст.

Майк Пампео дар моҳи мой гуфта буд, ки “медонем вируси короно аз Вуҳон сар задааст, аммо дақиқ намедонем, ки аз куҷо, чӣ гуна ва бо фармони кӣ сар задааст. Инҳо масъалаҳои муҳимманд”.

Бояд гуфт, ки фарзияи хуруҷи вируси оламгири COVID-19 аз озмоишгоҳро пайваста мақомоти Чин рад мекунанд ва мегӯянд, ки ин вирус аз бозори фурӯши гушти ҳайвонот дар шаҳри Вуҳон аз ҳайвон ба инсон гузаштааст. Ва аксари мутахассисони вирусшинос низ бар ин боваранд, ки ин вирус маншаи табиӣ дорад ва сарчашмаи аслияш кӯршапарак мебошад.

Моҳи феврали соли равон як ҳайат аз Созмон ҷаҳонии беҳдошт барои таҳқиқи сарчашмаи вируси COVID-19  ба Чин сафар карда буд ва он замон раиси ин ҳайат аз талошҳои Пекин баҳри пешгирии COVID-19 ситойш намуда гуфта буд, ки Чин дар хусуси мубориза бо ин вирус дар баробари ҷомеаи ҷаҳонӣ аз шаффофият кор мегирад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бартараф намудани ифлосии Душанбе

Масъулони шаҳри Душанбе мехоҳанд бо гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум мушкилии партовҳои пойтахтро бартараф кунанд.

Даргузашти Муҳаммадалии Файзмуҳаммад дар зиндон

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ дар умри 65-солагӣ дар зиндон даргузашт.

Наздики ним миллард қарзи “ТАЛКО” аз барқ

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон номи қарздорон аз барқро эълон кард.

Норасоии омӯзгор мушкили ҳалнашавандаи Вазорати маорифи Тоҷикистон

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш аз мушкили норасоии омӯзгорон дар мактабҳои миёна шикоят кард.