Бино ба иттилои расмӣ, 8-уми окятбри соли ҷорӣ Иттиҳоди Аврупо ва ЮНИСЕФ дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) Маркази шуғли фосилавиеро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ба қавли манбаъ, ҳадаф аз ифтитоҳи ин марказ таҳкими малакаҳои рақамӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои кор аз роҳи дур барои ҷавонони маҳаллӣ мебошад.
Акс: ИнтернетГуфта мешавад, ба воситаи пайвастан ба бозорҳои кори байналмилалӣ, ҷавонон метавонанд малакаҳои арзишманд ба даст оранд ва фоидаҳоро ба ҷомеаҳои худ баргардонанд. Ин ташаббус як қадами муҳим барои омодагӣ ба иқтисоди рақамӣ дар минтақа ва дар умум кишвар ба ҳисоб меравад.