20.9 C
Dushanbe

Ихроҷи 17 ҳазор муҳоҷири тоҷик аз Русия

Мақомоти Русия дар ним соли аввали соли ҷорӣ 17 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро аз хоки ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Гулнора Ҳасанзода, вазири кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи 6-уми август зимни нишасти матбуотӣ яке аз сабабҳои ихроҷи муҳоҷиронро риоя накардани қонунҳои Русия гуфт.

Аммо аксари муҳоҷирон тоҷик мегӯянд, бо вуҷуди доштани ҳуҷҷатҳои лозима ва вайрон накардани қонуну қоидаҳои ин кишвар, мақомоти рус болояшон фишор меоваранд ва беасосу барқасдона онҳоро дастгир ва аз ин кишвар иҳроҷ мекунанд.

Ба фарқ аз хонум Ҳасанзода, Хайриддин Усмонзода, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон фишору таъқиб ва ихроҷи муҳоҷирони тоҷикро талошҳои Русия барои таъмини амният гуфта буд ва таъкид карда, ки он мавқеи расмии мақомоти Русия нест.

Ин дар ҳоле аст, ки Хадамоти давлатии амнияти Федеролӣ, порлумон, Кумитаи тафтишот ва пулиси Русия батакрор аз танзими муҳоҷират, ихроҷи муҳоҷирон, бахусус муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ба ватанашон ва ё бо фишор ҷалб кардани онҳо ба ҷанги Украина сухан мегӯянд.

Тибқи оморҳои ғайрирасмӣ, дар Русия беш аз 2 миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд ва бо вуҷуди фишор ва хатари ҷалб ба ҷанг дар Украина ҳамарӯза садҳо зодаи Тоҷикистон шаҳрвандии ин кишварро мегиранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Барои муҳоҷирон дар Русия боз як имтиҳони дигар изофа шуд 

Муҳоҷирони корӣ дар Русия барои гирифтани патент бояд ба таври шифоҳӣ имтиҳони забони русӣ супоранд.

Ҷузъиёти тоза дар бораи ҳодисаи дастгоҳҳои паёмрасони “Ҳизбуллоҳ”

Гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ" мегӯяд, Исроил то кунун 5 ҳазор дастгоҳи паёмрасони "Пейҷер"-ро, ки аъзои ин гурӯҳ истифода мекарданд, тарконидааст.

Маълум шуд чаро табибони тоҷик тарки Ватан мекунанд

Баъзе аз тпбибони тоҷик аз он шикоят доранд, ки бемористонҳои кишвар барои ба кор қабул кардан аз онҳо пули зиёд талаб мекунанд.

Захмӣ шудани сафири Эрон ва садҳо нафари дигар дар Лубнон

Дар ҷануби Лубнон садҳо нафар бар асари таркиши дастгоҳҳои иртиботии "Пейҷер" захмӣ шудаанд. Аксари захмиён аъзоёни гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ” гуфта мешаванд.