29.9 C
Dushanbe

Ихроҷи 1800 муҳоҷир аз вилояти Ленинград

Хадамоти федералии иҷрои қарорҳои додгоҳии Русия аз аввали соли 2025 аз вилояти Ленинград беш аз 1 ҳазору 800 шаҳрванди хориҷӣ ва шахсони бе шаҳрвандиро ихроҷ кардааст. 

Сабаби ихроҷи онҳо вайрон кардани муҳлати иқомат дар қаламрави Русия ва рад кардани баромади ихтиёрӣ аз кишвар гуфта мешавад. 

Бино ба иттилои ин ниҳод, муҳоҷирони ихроҷшуда аз кишварҳои Узбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, инчунин муҳоҷирон аз Миср, Камерун, Эрон, Малави, Сомалӣ, Куба ва дигар давлатҳо буданд.

Иҷрочиён ҳамаи муҳоҷирони ихроҷшударо ба фурудгоҳи Пулково расонда, то нуқтаи гузариш тавассути сарҳад ҳамроҳӣ карданд ва ба марзбонон супориданд. Барои иқомати ғайриқонунӣ дар Русия аз онҳо аз 2 то 5 ҳазор рубл ҷарима ситонида шуд. Вуруди онҳо ба Русия барои муҳлати аз се то даҳ сол манъ гардид.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳашт моҳи соли 2025 Хадамоти федералии иҷрои қарорҳои додгоҳии Русия беш 35 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандиро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд. 

То ҳол Вазорати корҳои дохилии Русия, ки ҳаққи бидуни қарори додгоҳ ихроҷ кардани шаҳрвандони хориҷиро дорад, омори ихроҷшудаҳо аз вилояти Ленинград ва тамоми Русияро нашр накардааст. Аммо пештар иттилоъ дода буд, ки дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ дар Маскав 7632 амалиёти махсуси тафтишу бозҷӯии муҳоҷиронро гузаронда, нисбат ба 1400 муҳоҷир қарор дар бораи ихроҷро содир кардааст ва аз ин шумор беш аз 450 нафарашон аллакай аз кишвар ихроҷ шудаанд.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, дар ин чанд моҳи ахири сол мақомоти рус метавонанд шумори бештари шаҳрвандони хориҷиро аз хоки ин кишвар берун кунанд. Зеро замони қонунӣ кардани будубоши муҳоҷирон дар Русия рӯзи 10-уми сентябр ба охир расид ва ВКД гуфта буд, ки аз 11-уми сентябр нафаронеро, ки будубошашонро дар Русия қонунӣ нагардондаанд, ихроҷ ва ҳамчунин ворид шудан ба ин кишварро барои солҳои тӯлонӣ манъ мекунанд.

Ҳоло дар тамоми Русия бо иштироки кормандони ниҳодҳои қудратӣ ва интизомӣ “рейд”-ҳои густардае дар ҷойҳое, ки бештар муҳоҷирон ҷамъ мешаванд, мисли мағозаву бозор ва хобгоҳҳо идома дорад ва онҳо бо лаҳни тунд ҳуҷҷатҳои муҳоҷиронро санҷида, дар баъзе ҳолатҳо латтукӯб низ мекунанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин зимни суҳбат бо рӯзноманигорон дар Душанбе пас аз боздидаш аз Тоҷикистон изҳор дошт, ки Русия ба нерӯи кори хориҷӣ манфиатдор аст, вале ин бояд нерӯи кори зарурӣ бошад. Инчунин ӯ таъкид карда, ки муҳоҷирон бояд қонун ва қоидаҳои Федератсияи Русияро риоя кунанд. 

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боҷи 100 дарсадӣ — посухи Трамп ба назоратҳои нави Чин бар металҳои нодир

Доналд Трамп эълон кард, ки аз 1-уми ноябр ба ҳамаи молу маҳсулоте, ки аз Чин ворид мешаванд, 100 дарсад боҷ ҷорӣ хоҳад кард.

Хотимаи ҷанги Покистону Толибони Афғонистон

Шаби 11 ба 12-уми октябри соли ҷорӣ миёни нерӯҳои марзбонии Покистон ва Толибони Афғонистон задухӯрдҳои шадид рух доданд.

ҲАМОС 20 асирро зинда ба Исроил супорид

Мувофиқи бандҳои тарҳи оташбас субҳи рӯзи душанбе, 13-уми октябр ҲАМОС 20 асири исроилиро ба намондагони Салиби Сурх таҳвил дод.

Боздошти як сокини пойтахт ҳангоми фурӯши маводи мухаддир

Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз иҷрои як амалиёти махсус бар зидди маводи мухаддир хабар дод.