Ихроҷи беш аз 320 ҳазор нафар аз Макка

Мақомоти Арабистони Саудӣ эълон кардаанд, ки тайи чанд рӯзи ахир беш аз 300 ҳазор нафарро аз Маккаи Мукаррама ихроҷ кардаанд.

Бино ба иттилои расонаҳои Арабистони Саудӣ, мақомоти амниятии ин кишвар тайи рӯзҳои ахир зиёда аз 300 ҳазор нафаре, ки раводид (виза)-и Ҳаҷ ва ё иҷозатномаи махсуси ба ҷо овардани Ҳаҷро надоштанд, аз ин шаҳр берун кардаанд.

Ба қавли мақомоти ин кишвар, дар рафти баргузории чорабиниҳои амниятӣ байни сокинон ва меҳмонон дар шаҳри Маккаи Мукаррама маълум гардида, 153 ҳазору 998 нафар бо раводиди сайёҳӣ, на раводиди расмӣ барои баргузор кардани Ҳаҷ вориди Арабистони Саудӣ шуда, барои ба ҷо овардани фариза ба Макка рафтаанд. Ҳангоми тафтиш ва бозрасиҳои амниятӣ боздошт ва аз ин шаҳр берун карда шудаанд.

Инчунин дар рафти ин тафтишу бозрасиҳои мақомоти амниятӣ маълум шудааст, ки 171 ҳазору 578 нафари дигар аз шаҳрвандони хориҷии муқими Арабистони Саудӣ, ки рухсатномаи баргузор кардани маросими ҳаҷро дар ин мавсим надоштанд, дар ин шаҳр боздошт ва ҳамаи онҳо ихроҷ шудаанд.

Гуфта мешавад, Ҳаҷ яке аз рукнҳои асосӣ ва панҷгонаи Ислом аст, ки соле як бор ва он ҳам дар моҳи зилҳиҷҷа (солшумории ҳиҷрӣ қамарӣ) дар шаҳри Макка баргузор мешавад. Вазорати Ҳаҷ ва Умраи Арабистони Саудӣ барои кишварҳои исломӣ сари ҳар 1 ҳазор нафар 1 саҳм ҷудо мекунад. Бино бар ин на ҳама хоҳишмандон метавонанд, ки ба сурати расмӣ фаризаи Ҳаҷро анҷом диҳанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.