Ихтилофоти тоза байни Ҳикматиёр ва Толибон

Гулбиддин Ҳикматиёр, ки то чанде пеш ба яке аз мубаллиғони ҳукумати Толибон табдил шуда буд, аз қарору амалкарди ахири онҳо ба хашм омадааст.

Раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон Гулбиддин Ҳикматиёр дар робита қарори Толибон дар мавриди манъи фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ дар ин кишвар вокуниш кардааст. Ӯ дар хитоб ба Толибон мегӯяд: “Аҳзоби исломӣ барои иттиҳоди миллат ва уммат як зарурат аст ва мухолифат бо он роҳро барои танишҳои қавмӣ ҳамвора месозад.“

Ӯ ҳамчунин таъкид карда, ки “Ин аҳзоби сиёсӣ ва фикрӣ аст, ки аз ақвом миллат месозад ва аз миллатҳо уммати дунёшумул месозад. Аҳзоб ва миллатҳо ё ба асоси ормонҳои муқаддас эҷод мешавад ё ҳам ба асоси ормонҳои қавмӣ.”

Гулбиддин Ҳикматиёр, раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон ва яке аз собиқ фармондеҳони ҷиҳодии ин кишвар ба шумор меравад. Ӯ пас аз таъсиси ҳизбаш бо тамоми ҳукуматҳое, ки дар Афғонистон ба қудрат расидаанд, ҷангидааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 16-уми августи соли ҷорӣ сарпарасти Вазорати адлияи Толибон Абдулҳакими Шаръӣ гуфт, ташкили аҳзоби сиёсӣ хилофи шариъат ва хости мардум аст ва фаъолияти онҳо дар Афғонистон мутлақан мамнуъ аст.

Ӯ таъкид кард, ки “таҷрибаҳои мо ва шумо собит карда, ки ин миллат, ки шикастааст ва танҳо далели ин амр ҳамин аҳзоби сиёсӣ аст. Ба ҳеч ваҷҳ ба фаъолияти аҳзоби сиёсӣ иҷозат намедиҳем.”

Дар вокуниш ба суханҳои ин масъули Толибон бархе аз раҳбарони ҳизбҳо ва сиёсатмадорон эътироз карданд. Онҳо вуҷуди ҳизбҳои сиёсиро барои рушди кишварашон ҳатмӣ медонанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қоидаи нави вуруд ба Қазоқистон: QazETA барои шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳатмӣ мешавад

Қазоқистон аз тобистони соли 2027 барои аксари шаҳрвандони хориҷӣ иҷозатномаи электронии вуруд (QazETA)-ро ҳатмӣ мекунад.

Олмон аз сарнавишти Асадулло Бобоев хабар надорад

Чаҳор моҳ пас аз истирдоди Асадулло Бобоев аз Олмон, ҳукумати ин кишвар дар посух ба дархости вакилон гуфтааст, ки дар бораи боздошт ва парвандаи ҷиноятии ӯ дар Тоҷикистон маълумот надорад.

Русия квотаи иқомати муваққатии хориҷиён (РВП)-ро боз кам кард

Ҳукумати Русия квотаи иҷозаи иқомати муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷиро дар соли 2027 то 3010 адад коҳиш дод, ки ин нисбат ба соли ҷорӣ 792 адад, ё тақрибан 21 дарсад камтар аст.

Даромади буҷети Тоҷикистон барои соли 2027 муайян шуд

Ҳукумати Тоҷикистон даромади буҷети соли 2027-ро 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ кардааст, ки он 23,2 дарсад бештар аз буҷети тасдиқшудаи имсол мебошад.