16.9 C
Dushanbe

ҲИИТ: Баргузории анҷумани ғайринавбатӣ

Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ) баргузории аҷумани ғайринавбатии худро эълон кардааст.

Бино ба иттилои расмӣ, 20-уми июли соли 2024, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон анҷумани ғайринавбатии худро дар шаҳри Душанбе баргузор мекунад.

Ба қавли манбаъ, анҷумани ин ҳизб дар маҷлисгоҳи бинои марказии Донишгоҳи слвянии Русияву Тоҷикистон гузаронида мешавад. Бо вуҷуди он, ки пештар раҳбарони ҲИИТ ба расонаҳо гуфта буданд, ки масъалаи барканории раис дар ин ҷаласа матраҳ нест, аммо бархе коршиносон мегӯянд, ҳанӯз маълум нест, кӣ аз раёсати ин ҳизб мераваду киҳо мемонанд.

Ҳамзамон дар назар аст, ки дар рафти ин анҷуман ҳисоботи солонаи раиси фраксияи Ҳизб дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳисоботи роҳбарони минтақавии ҳизб ва дигар масъалаҳо барсӣ шавад.

Инчунин, дирӯз Ҳизби Сотсиалитии Тоҷикистон низ аз баргузории анҷумани ғайри навбати худ хабар дода буд. Як манбаъ ба “Азия-Плюс” гуфта аст, ки раиси ин Ҳизб Абдуҳалим Ғаффоров ва муовинаш аз мақоми худ барканор карда мешавад.

Анҷумани ғайринавбатии ин ҳизбҳо, ки маъруф ба ҳибҳои кисагӣ ҳастанд, дар ҳоле баргузор мешаванд, ки ду моҳ пеш аз ин гурӯҳе аз дохили Ҳизби демократи Тоҷикистон бо баргузории як анҷуман собиқ раиси ин ҳизбро аз вазифа барканор карда буд.

Сайҷаъфар Усмонзода, раиси пешини демократҳои Тоҷикистон он Анҷуманро “ғайриқонунӣ” номида буд. Аммо, касе дар Вазорати адлия гапи ӯро гӯш накард. Сипас Юсуф Раҳмон, Прокурори генералӣ ӯро бо иттиҳоми қасди табаддулоти давлатӣ боздошт ва зиндонӣ кард.

Аксари коршиносони масоили сиёси боздошти Сайҷаъфар Усмонзода ва баргузори анҷуманҳои ғайринавбати ҳизбҳои “кисагӣ”-ро нишонаҳое аз наздик шудани интиқоли қудрат аз падар ба писар унвон мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Трамп 5 ҳазор сарбози иловагӣ ба Лаҳистон мефиристад

Доналд Трамп изҳор дошт, ки қасд дорад 5 ҳазор сарбози иловагиро ба Лаҳистон (Полша) эъзом кунад.

Вокуниши Шуъбаи маорифи Нуробод ба латтукӯби муаллим дар ин ноҳия

Пас аз тақрибан ду ҳафтаи латтукӯби Раҳмонов Муҳимҷон дар Нуробод, масъулини Шуъбаи маорифи ноҳия ба хабаргирии ин омӯзгор рафтанд.

Таваллуд дар Душанбе ва Бадахшон коҳиш ёфтааст

Ба иттилои мақомоти расмӣ, суръати рушди аҳолӣ дар Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта коҳиш ёфтааст.

Оғози “рейд”-ҳои навбатӣ бар зидди муҳоҷирон дар Русия

Мақомоти Русия дар шаҳри Санкт-Петербург, вилоятҳои Ленинград ва Оренбург барои ошкор кардани қонуншиканиҳо дар соҳаи муҳоҷират "рейд"-ҳои нав оғоз карданд.