28.9 C
Dushanbe

Иқдоми нави мухолифин дар бораи Абдуллоҳи Шамсиддин

Ҷамъе аз мухолифини ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар хориҷи кишвар бо роҳандозии як иқдом аз мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд, ки макони нигаҳдории #Абдуллоҳи_Шамсиддинро эълон кунад.

Гурӯҳе аз мухолифини Эмомалӣ Раҳмон, ки муқими кишварҳои аврупоӣ мебошанд, бо баргузории як иқдоми ҳамагонӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мехоҳанд, таваҷҷуҳи мардум ва мақомоти Тоҷикистонро ба қазияи фаъоли сиёсӣ Абдуллоҳи Шамсиддин, писари яке аз раҳбарони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҷалб кунанд.

Пеш аз ин, пайвандони Абдуллоҳи Шамсиддин дар суҳбат ба Azda tv гуфта буданд, вай 18-уми январи соли 2023 пас аз ихроҷ аз Олмон дар дохили ҳавопаймо дар Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе тавассути мақомоти тоҷик боздошт ва ба ҷои номаълум бурда шуд.

Аммо чанд рӯз пеш вақте хабарнигорон дар нишсатҳои матбуотӣ аз вазири корҳои дохилӣ ва прокурори генаралии Тоҷикистон пурсиданд, ки Абдуллоҳи Шамсиддин дар куҷост, онҳо изҳори бехабарӣ карда, гуфтанд, ки намедонанд.

Гуфта мешавад, ин бори аввал нест, ки мақомоти корҳои дохилӣ ва прокуратураи Тоҷикистон иттилоот дар бораи макони боздошт ва нигаҳдории фаъолони сиёсӣ ва мухолифини ҳукуматро аз чашми мардум ва расонаҳо пинҳон медоранд.

Дар гузашта вақте марҳум Каромат Шарифов, Шарофиддин Гадоев, Иззат Амон ва баъдтар даҳҳо нафари дигар, аз ҷумла вақте фаъолони бадахшониро боздошту ва ба ватан истирдод карданд, мақомот сари вақт дар бораи боздошт ва макони онҳо иттилоъ намедоданд.

Инчунин пеш аз онҳо дар сентябри соли 2015 замоне, ки раҳбарони зиндонии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро боздошт карда буданд, дар ибтидо замони парвандасозӣ алайҳи онҳо талош мекарданд ҳама гуна иттилоотро аз чашми мардум ва дурбини расонаҳо пинҳон нигаҳ бидоранд.

Ба ҳамин хотир, имрӯз вақте вазири корҳои дохилӣ, прокурори генералӣ ва дигар мақомоти масъул мегӯянд, ки дар бораи ин фаъолои сиёсӣ, ки беш аз 40 рӯз мешавад расман вориди Тоҷикистон шудааст, хабар надоранд, ҳеч касе аз мухолифин ва хеле аз мувифиқон ҳам ба гапи онҳо бовар намекунанд.

Аз сӯи дигар, бархе аз наздикону пайвандони Абдуллоҳи Шамсиддин, ки беш аз 40 рӯз ин ҷониб бо тамоми тавон талош доранд дар бораи макони нигаҳдории ӯ маълумоти мувассақеро ба даст оварда, аз аҳволи ӯ бо хабар шаванд, ба ин боваранд, ки ба эҳтимоли зиёд ин фаъоли сиёсӣ дар Боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад ва аз тарси Саймумин Ятимов ҳеч касе аз мақомоти қудратӣ ҷуръат намекунад, ки дар ин бораи чизе бигӯяд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Гурӯҳи 24” рафтори мақомоти рус ва беамалии мақомоти тоҷикро маҳкум кард

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” бо нашри изҳороте рейду боздошт ва латтукӯби муҳоҷиронро дар шаҳру ноҳияҳои Русия муносибати ғайриинсонӣ ва бераҳмонаи мақомоти давлатии ин кишвар номид.

Шикояти вакилони дифоъи Хуршед Фозилов

Вакилони дифои рӯзноманигори зиндонӣ Хуршед Фозилов аз болои ҳукми Додгоҳи Панҷакент ба Додгоҳи вилояти Суғд шикоят бурдаанд.  

Латтукӯби муҳоҷирон ва ба маконҳои номаълум бурдани онҳо идома дорад

Чанд рӯзи ахир боздошт ва латтукӯби муҳоҷирон, бахусус муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Русия бештар шудааст.

Рафту омад дар роҳи Душанбе-Хуҷанд маҳдуд шуд

Шуруъ аз имрӯз, 1-уми июни соли ҷорӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ барои рафту омади мошинҳо маҳдудият ҷорӣ шудааст.