30.9 C
Dushanbe

Иқтисоди сабз: ИА ба ОМ 6,8 миллион евро кумак мекунад

Иттиҳоди Аврупо барои рушди иқтидори энергетикии кишварҳои Осиёи Макразӣ аз оғози тарҳи наве дар Самарқанд хабар дод.

Бино ба иттилои сомонаи Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Узбекистон, имрӯз, 17-уми ноябри соли 2022 Иттиҳоди Арвупо маблағгузории тарҳи ҷадидеро дар Самарқанд зери унвони “Пайвастшавии устувори энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ” оғоз кард.

Ба қавли манбаъ, тарҳи мавсум ба “Пайвастшавии устувори энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ” (SECCA) бо буҷаи умумии 6,8 миллион евро бо ҳадафи пешбурди тавозуни устувори энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ мувофиқи беҳтарин таҷрибаҳои Иттиҳоди Аврупо мебошад.

Ичунин таъкид мешавад, ки ин лоиҳа аз рӯи созишномаи сабзи аврупоӣ ва Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ роҳбарӣ карда мешавад. Кишварҳои Осиёи Марказӣ уҳдадор мешаванд, ки иқтидори минтақаро дар нерӯи офтобӣ, бодӣ ва обӣ афзоиш диҳанд, то дар таҳкими устувории энергетикии минтақа саҳм гузорад.”

Гуфта мешавад, Лоиҳаи SECCA ҳамчун катализатор дар ҳалли ин монеаҳо ва афзоиш додани истеҳсоли энергияи барқароршаванда ва баланд бардоштани самаранокии энергия дар минтақа хидмат хоҳад кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Танишҳои дипломатӣ байни Русия ва Озарбойҷон

Дар пайи боздошти даҳҳо озарбойҷонӣ дар шаҳри Екатеринбург, байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон танишҳои шадиди дипломатӣ ба миён омадааст.

130 млн доллари Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Фонди Рушди Арабистони Саудӣ Султон Абдурраҳмон ал-Маршад мулоқот кардааст.

Ихроҷи густардаи афғонҳо аз Эрон

Мақомоти эронӣ пас аз ҷанги 12-рӯза бо Исроил ихроҷи густардаи муҳоҷирони афғонистониро рӯи даст гирифтаанд.

Ҳушдор! Ба Белорус сафар накунед!

Он муҳоҷирони тоҷикистоние, ки аз Русия бо сабабҳое ихроҷ ва мамнуъулвуруд шудаанд, ба Белорус ҳам сафар карда наметавонанд.