36.9 C
Dushanbe

Изҳори нигаронии ИМА аз вазъи озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон

Комиссияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар умури озодии мазҳабии байналмиллалӣ дар гузориши наваш ба Вазорати хориҷаи Амрико тавсия додааст, ки Тоҷикистонро дар рӯйхати кишварҳои нигаронкунанда барои саркӯби озодиҳои динӣ ҳифз кунад.

Дар гузорише, ки рӯзи 10-уми январ нашр шудааст, КИМА дар умури озодии мазҳабии байналмилалӣ аз бадтар шудани озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ намуда, таъкид кардааст, ки ҳукумати Тоҷикистон тӯли даҳсолаҳост, ки ташкилотҳои диниро ба шиддат контрол ва тобеи режим кардааст. Ин Комиссия дар идома қайд мекунад, ки ҳукумати Тоҷикистон руҳониёни мустақил, мухолифини сиёсӣ ва мунтақидони секулори худро бо иттиҳоми “экстримист” ва “терорист” боздошт ва зиндонӣ мекунад.

Инчунин дар гузориш гуфта мешавад, қудратгирии Толибон дар Афғонистон метавонад баҳонае шавад барои мақомоти Тоҷикистон то ба саркӯби озодиҳои динӣ идома диҳад.

Гузоришгари вижаи Созмони Миллали Муттаҳид дар умури озодиҳои динӣ сафари барномарезӣ шудааш ба Тоҷикитонро ба хотири дарёфт накардани даъватномаи расмӣ аз тарафи Тоҷикистон лағв кард.  

Комиссияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар умури озодии мазҳабии байналмилалӣ соли 2021 низ ба Вазорати хориҷаи Амрико тавсия дода буд, ки Тоҷикистонро дар рӯихати кишварҳои саркӯбагари озодиҳои динӣ ворид кунанд.

Тоҷикистон аз соли 2016, баъд аз боздошти раҳбарони Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва мамнуъ кардани ин ҳизб вориди листи кишварҳои саркӯбгари озодиҳои динии Амрикост ва аз он вақт то соли 2021 дар ин рӯйхат қарор дорад.

Дар баробари Тоҷикистон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Туркманистон низ дар ин рӯйхат ҷойгир аст.

Дар гузашта Узбекистон ҳам дар қатори кишварҳои саркӯбгари озодиҳои динии Амрико шомил буд ва баъд аз рӯи кор омадани Шавкат Мирзиёев ва ворид кардани ислоҳоти динӣ дар ин кишвар, Амрико Узбекистонро аз ин рӯйхат берун кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Фишор болои наздикони фаъолони зодаи Бадахшон

Мақомоти Тоҷикистон фишор болои хонаводаҳои зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро, ки дар хориҷ аз Тоҷикистонанду дар ҷустуҷӯ қарор доранд, сахттар кардааст.

Тазоҳуроти фаъолон дар Олмон: Ҳамкорӣ бо Тоҷикистон қатъ шавад!

Гурӯҳе аз фаъолон дар Олмон бо баргузории тазоҳурот ва дархости озодии Абдуллоҳи Шамсиддин, хостори қатъи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон шуданд.

Муттаҳидони Русия ҳамлаҳои Исроил ба Эрон ва Ғаззаро маҳкум карданд

Раҳбарони кишварҳои узви гурӯҳи БРИКС дар як баёнияи муштарак...

Боздошти ду ҷавони тоҷик дар Русия бо иттиҳоми озори ноболиғон

Пас аз баргузории ҷашнвораи фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Красноярски Русия, ду ҷавони тоҷик бо иттиҳоми озору азияти ду духтари 14-сола боздошт шудаанд.