Имомуддин Сатторов: Тоҷикистон омодааст бо Русия парвозҳоро барқарор кунад

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Русия дар мусоҳибае бо “РИА Новости” гуфта, ки Тоҷикистон ҳамеша омода аст, ки парвозҳои мунтазамро бо Русия барқарор намояд.

“Мо омодагии худро барои кушодани иртиботи ҳавоӣ моҳи июл изҳор кардем. Мо омодаем, ки ҳар лаҳза бо Федератсияи Русия иртиботи ҳавоиро кушоем”,- изҳор доштааст, сафир.

Дар идома гуфтааст, “То ба ҳол, онҳо вазъи эпидемиологиро дар назар доранд, ки ҳоло номуносиб аст. Фикр мекунам, мо бояд марзро боз кунем, зеро иқтисод бояд кор кунад”.

Сатторов иброз доштааст, ки то ба имрӯз аз ҷониби Русия дар мавриди бозшудани парвозҳои мунтазам ҷавоби мусбат дарёфт накардаанд, то ҳол дархостҳояшон бе посух мондааст.

Айни замон барои бурдани муҳоҷирон байни Тоҷикистону Русия танҳо парвозҳои чартерӣ роҳандозӣ гардидааст, ки ҳамарӯза анҷом дода мешавад. Аммо парвозҳо аз Тоҷикистон ба Русия танҳо шаҳрвандони Русия ва дигар нафароне, ки тибқи қарори Ситоди мубориза бо коронавирус дар Русия муқарар гардидааст, имкони парвоз доранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон 170 хонаи аз Тоҷикистон гирифтаашро ба сокинон тақсим мекунад

Қирғизистон 170 хонаеро, ки аз Тоҷикистон гирифта буд, ба сокинонаш тақсим мекунанд.

Ҳукми абади ду нафар барои қатли Маннон Содиқов

Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми қатли узви пешини ҲНИТ ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Ҳамла ба полойишгоҳи бузурги Русия дар пасманзари камбуди сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин полойишгоҳҳои Русия дар шаҳри Киришии вилояти Ленинград мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта, дар он оташсӯзӣ рух дод.

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.