Вазорати корҳои хориҷии кишвар бо нашри як изҳорот эълон карда, ки Тоҷикистон аз оғози раванди сулҳ дар Яман ҳимоят мекунад.
Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 6-уми октябри соли 2023, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки ин кишвар аз раванди оғози сулҳ дар Яман, ки тавассути Созмони Милали Муттаҳид ва кишвари Арбаристони Суадӣ ҷараён дорад, ҳимоят мекунад.
Ба қавли манбаъ, “Ҷумҳурии Тоҷикистон аз талошҳои СММ ва Ҳукумати Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар робита ба эътидол овардани вазъ дар Ҷумҳурии Яман бо ҳадафи расидан ба сулҳи фарогир дар ин кишвар истиқбол менамояд.”
Вазорати корҳои хориҷӣ дар ин изҳороташ таъкид карда, ки “Тоҷикистон дар заминаи таҷрибаи сулҳофаринии худ муколамаи созандаро бо иштироки ҳамаи ҷонибҳои дахлдор василаи ягона ва муассир барои ҳалли низоъҳо арзёбӣ мекунад.”
Аммо ба гуфтаи бархе таҳлилгарон, воқеият нишон медиҳад, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон яке аз талхтарин таҷрибаҳои сулҳофарӣ дар дунёи муосир буда, бо гузашти 26 сол аз имзо шудани он ҳамеша барандаи тарафи ҳукумат ва бозанда ҳам ҷониби мухолифин будааст.
Аз сӯи дигар ин изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҳоле садо медиҳад, ки дар ҳамин шабу рӯзҳо Ҳукумати Тоҷикистон, ки як тарафи сулҳ буд ва бархе намояндагони мухолифин, ки тарафи дигар сулҳ мебошанд, дар сахттарин шароити ҷангҳои иттилоотӣ қарор доранд.
Инчунин Ҳукумати Тоҷикистон бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, як тарафи сулҳи тоҷикон буд, тайи 10 соли ахир садҳо нафар аз тарафи дигари сулҳ-мухолифинро зиндонӣ карда ва даҳҳо тани онҳоро ҳам бо баҳонаҳои мухталиф дар дохили зиндонҳо ба қатл расонида аст. Аксари огоҳон дар кишварҳои арабӣ низ аз ин таҷрибаи талхи тоҷикон ба хубӣ огоҳӣ доранд.
Гуфта мешавад, дар ҷанги 9-солаи Яман кишвари Арабистони Саудӣ бо раҳбарии як эътилофи арабӣ, ки дар он кишварҳои Амороти Муттаҳидаи Араб, Миср, Судон ва ғайра ҳузур доранд, яке аз тарафҳои низоъ буд, ки бо баҳонаи ҳимоят аз собиқ Президенти Яман ин кишварро то ҳол дар муҳосираи иқтисодӣ қарор додааст.
Бо ин вуҷуд, ба гуфтаи бархе коршиносон, ин ҳимояи Тоҷикистон пеш аз он ки беғараз ва маҳз инсондӯстона бошад, он ба хотири ҷалби манфиат содир шудааст. Зеро айни замон раиси иҷроияи Фонди саудии рушд Султон ибни Абдурраҳмон Ал-Маршид дар шаҳри Душанбе қарор дорад ва барои зиёдтар кардани ҳаҷми сармоягузориҳои кишвараш эълони омодагӣ кардааст.