27.9 C
Dushanbe

Имзои 35 санади ҳамкорӣ байни Ӯзбекистон ва Толибон

Мақомоти олии Ӯзбекистон ва ҳукумати сарпарасти Толибон дар Афғонистон 35 санади ҳамкорӣ имзо карданд.

Бино ба иттилои ББС, 18-уми августи соли 2024 мақомоти олии Ӯзбекистон ва ҳукумати сарпарасти Толибон дар Афғонистон 35 ёдошти тафоҳумеро байни ду кишвар имзо кардаанд.

Ба қавли манбаъ, аз замони рӯи кор омадани ҳукумати сарпарасти Толибон дар 15-уми августи соли 2021 барои нахустин бор Абдулло Орифов, нахуствазири Ӯзбекистон дар раъси як ҳайати воломақоми кишвараш бо сафари расмӣ ба Кобул сафар кардааст.

Ҳамзамон бо ин, дар ҳузури Абдулло Орифов, нахуствазири Ӯзбекистон ва мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини иқтисодии ҳукумати Толибон мақомҳои ду кишвар 12 тафоҳумномаи сармоягузорӣ ба маблағ 1,4 миллиард доллар ва 23 тафоҳумномаи ҳамкории тиҷоратӣ ба арзиши наздик ба 1,1 миллиард долларро имзо карданд.

Гуфта мешавад, Ӯзбекистон ва Афғонистон 144 километр марзи муштарак доранд ва аз замони дубора рӯи кор омадани Толибон дар Афғонистон, бар хилофи мақомоти Душанбе, Токашнд ҳамеша талош кардааст, ки муносибатҳои худро бо Кобул қавитар кунад.

Дар ҳоли ҳозир гардиши молу колоҳои тиҷоратӣ байни Ӯзбекистон ва Афғонистон тайи як соли ахир ҳудуди як миллард долларро ташкил додааст ва мақомоти расмӣ дар Тошканд мегӯянд, ки дар назар аст ин рақамҳо дар соли оянда ба 3 миллаирд доллар баробар шаванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Таъсири интиқодҳо ба Эмомалӣ Раҳмон?

Пас аз интиқодҳои тунди мақомоти расмӣ ва расонаҳо аз...

14 соли зиндон барои як зодаи Тоҷикистон дар Русия

Додгоҳе дар вилояти Новосибирски Русия, зодаи Тоҷикистон Баҳодурҷон Аҳмадалиевро...

Кӯчабандон дар Душанбе

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар додааст,...

Муҳоҷирон дар 3-моҳ 1,8 миллиард доллар ба Тоҷикистон интиқол доданд

Дар семоҳаи аввали соли 2025 аз хориҷ ба Тоҷикистон...