Бархе донишмандони тоҷик аз бетаваҷҷуҳии ҳукумат ба онҳо ва нодида гирифтани хидматҳои илмияшон шикоят мекунанд.
Аз ҷумла, Шерзод Абдуллоев, олим ва донишпажӯи тоҷик ва муаллифи чандин китобу мақолаҳои илмӣ дар саҳфаи фейсбукияш аз бетаваҷҷуҳии мақомдорони кишвар ба ӯ ва амсолаш ва пеш гирифтани ду равиши мутаноқиз – бузургдошти донишмандони гузашта ва хор кардани олимони имрӯза – гила кардааст.
Ӯ дар хитоб ба мақомдорони кишвар мегӯяд: “Аз бузургони гузаштаат сухан мегӯӣ, вале чаро имрӯзатро намебинӣ?”
“Бо вуҷуди ин ки даҳ сол мудири шуъба будаму панҷ-шаш сол муовини директори Маркази исломшиносии назди Президент, мани як кам 80-соларо, ҳатто узви оддии Шӯрои олимони институт интихоб намекунанд.”, навиштааст ин олими тоҷик.
Ӯ таъкид мекунад, ки “зиёда аз 200 китобу мақолаҳои илмӣ” навиштааст, вале дар муассисаҳои илмӣ афроди бе таҷриба ва бо собиқаи кории камтар масъулиятҳои калидиро соҳиб мешаванду донишмандони бо собиқа ва бо нашриёти арзишмандро “ҳатто узви оддӣ”-и ин боргоҳҳои илмӣ намепазиранд.
Ин донишманди тоҷик аз он изҳори норозигӣ мекунад, ки чаро баъзе ба ном донишмандону унвондорҳо, ки ба ҷуз аз рисолаи докторӣ “як китоби дарсӣ барои фарзандони миллат нанавиштаанд, вале аъзоҳои ифтихории ин Шӯро мебошанд?” Ва суол мегузорад, ки “Ин муамморо кӣ ҳал мекарда бошад?”
Шерзод Абдуллоев дар паёми худ аз мардум хоста, ки ҳукумат ба донишмандони имрӯза бетаваҷҷуҳӣ мекунад дар ҳоле, ки донишмандони гузаштаи худро ҳамвора арҷ мегузоранд. Ӯ мегӯяд, дар ин замон ҳам дар Тоҷикистон олимҳои барҷаста зиёд зиндагӣ мекунанд, ки навиштаҳояшон аз Синову дигар бузургон кам нест. Ӯ аз таълифоти худаш мисол оварда, меафзояд: “Абӯалӣ китоби “аш-Шифо” навишт, вале “Асосҳои диншиносӣ”, “Исломшиносӣ”, “Фалсафаи Қуръон” ҳама 500 саҳифагӣ нанавишта буд. Китоби ал-милали Шаҳристон низ назарияҳои диншиносиро таҳлил накардааст.”
Ин шикояти олими тоҷик бори аввал нест, ки садо медиҳад. Ӯ борҳо аз бетаваҷҷуҳи мақомдорон, бахусус масъулони Академияи улуми кишвар шикоят кардааст, вале то ҳол гӯши шунавое пайдо нашудааст.
Абдуллоев дар ин масъала танҳо нест, чанде пеш бозигари маъруфи театр ва синамои тоҷик Ҳошим Гадо, ки муаллифи 1000 муҷаллад китоб аст, низ аз мақомдорони кишвар барои бетаваҷҷуҳӣ ба заҳматҳои эҷодияш гила карда буд.