28.9 C
Dushanbe

Инфиҷор дар дохили масҷид даҳҳо кушта ва захмӣ баҷо гузошт

Имрӯз, ҷумъа 15-уми октябр дар масҷиди “Имом Боргоҳ” дар ноҳияи аввали шаҳри Қандаҳори Афғониятон якбора аз ҷониби интиҳориён се таркиш пайҳам сурат гирифт, ки дасти кам ҷони 35 нафарро гирифт ва даҳҳо захмӣ баҷо гузошт.

Бино ба иттилои расонаҳои Афғонистон, ин масҷид ба пайравони аҳли ташаюъ таъалуқ дошта, ҳамла ҳангоми адои намози ҷумъа сурат гирифтааст. Яке аз маргталабон худро дар даромадгоҳи масҷид, дувумӣ дар саҳни он ва сеюмӣ дар дохили масҷид худро таркондаанд.

Тасовири мунташиршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки даҳҳо ҷасад дар дохил ва хориҷи масҷид рӯи замин афтодаанд ва захмиёни зиёде доду фиғон доранд.

Пас аз вуқуъи ҳодиса нерӯҳои интизомии Толибон ба маҳалли ҳодиса расиданд ва роҳҳоро барои рафту омади мошинҳо масдуд карданд.

Мақомоти маҳаллии Толибон дар мавриди ин ҳодиса то кунун ҳеч изҳори назаре накардаанд. Инчунин то ҳол ҳеч гурӯҳе масъулияти онро ба дӯш нагирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта низ ҳангоми баргузории намози ҷумъа дар шаҳри Қундуз ҳамлаи маргталабонаи бузурге дар масҷиде, ки он ҳам мансуби пайравони аҳли ташаюъ буд, сурат гирифт, ки дасти кам 50 кушта ва беш аз 150 захмӣ ба ҷо гузошт. Масъулияти ҳамлаи хунини шаҳри Қундузро ДОИШ бар дӯш гирифта буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бартараф намудани ифлосии Душанбе

Масъулони шаҳри Душанбе мехоҳанд бо гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум мушкилии партовҳои пойтахтро бартараф кунанд.

Даргузашти Муҳаммадалии Файзмуҳаммад дар зиндон

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ дар умри 65-солагӣ дар зиндон даргузашт.

Наздики ним миллард қарзи “ТАЛКО” аз барқ

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон номи қарздорон аз барқро эълон кард.

Норасоии омӯзгор мушкили ҳалнашавандаи Вазорати маорифи Тоҷикистон

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш аз мушкили норасоии омӯзгорон дар мактабҳои миёна шикоят кард.