“Дар замони дурӯғгӯйии умумиҷаҳонӣ рост гуфтан ифротгароӣ аст”. Ин сухан, ки ба Ҷорҷ Оруэлл нисбат дода мешавад, вазъияти имрӯзаи Тоҷикистонро хеле дақиқ нишон медиҳад.
Мақомот барои хомӯш кардани мунтақидон ҳам қувва ва ҳам маблағро дареғ намедорад. Дар дохили кишвар чунин афрод дигар боқӣ намондаанд, зеро аксарият ё паси панҷара рафтаанд, ё аз тарс даҳон намекушоянд. Бо вуҷуди ин, дар хориҷи кишвар ҳамоно шахсиятҳое ҳастанд ва садо баланд карда, талош мекунанд ҷиноятҳои режимро фош намоянд. Маҳз ҳамин афродро имрӯз мошини саркӯбгари мақомот ҳадаф қарор додааст.
Мухолифон ҳатто бо шӯхӣ мегӯянд: “Агар Эмомалӣ Раҳмон имконият медошт, бидуни таъхир ҳамаи мунтақидонашро ба зиндонҳои худ меандохт. Аммо, хушбахтона, дастони режим ба ҳама кишварҳо намерасанд. Аз ин рӯ, мошини саркӯбгари Раҳмон бар асоси қоидаи зерин амал мекунад: “Ба касе дастат мерасад, боздошт кун”. Мутаассифона, бояд эътироф кард, ки дар бисёр ҳолатҳо чунин тарзи корбарӣ ба режим натиҷаи дилхоҳ медиҳад.
Аввал ба баррасии сахттарин ва бераҳмтарин усулҳои саркӯби мунтақидон — нобудсозии ҷисмии онҳо — оғоз мекунем.
Дар авҷи мубориза бо рақибон, мошини саркӯбгари Эмомалӣ Раҳмон таҷовузкорона фаъолият мекард, хусусан ба сӯиқасд ва куштор даст мезад.
Аз ҷумла, қотилони режим дар Русия талош карданд рӯзноманигор Додоҷон Атовуллоевро ба қатл расонанд. Чанд сол пас дар ҳамон ҷо ба раҳбари созмони ҷамъиятии “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” Мақсуд Иброҳимовро низ сӯиқасд карданд. Дар ҳар ду маврид мехостанд мухолифонро бо корд ба қатл расонанд, вале муваффақ нашуданд.
Соли 2015 дар Туркия бо истифода аз силоҳи оташфишон раҳбари “Гурӯҳи 24” Умаралӣ Қувватов кушта шуд. Дар моҳи майи ҳамон сол блогери мухолиф Эҳсон Одинаев бедарак шуд.
Мешавад тахмин зад, ки режими Эмомалӣ Раҳмон пай бурд, ки чунин амалиёти густохона ва бераҳмонааш дар қаламрави кишварҳои хорҷӣ боиси нороҳатии мақомоти ин кишварҳо шудааст. Минбаъд ин режим эҳтиёткорона ва зоҳиран дар доираи қонун фаъолият карданро оғоз кард. Минбаъд мунтақидон бо ҳамоҳангӣ ва иштироки фаъолонаи хадамоти махсуси Русия ва Туркия дар ин кишварҳо рабуда ва ба Тоҷикистон истирдод мешуданд.
Бо ин роҳ даҳҳо узви Ҳизби наҳзати исломӣ, ҳаракати “Гурӯҳи 24” ва ҳамчунин фаъолони шаҳрвандии зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба Тоҷикистон оварда шуданд.
Мухолиф Шарофиддин Гадоевро бошад, хадамоти махсуси рус бо фиреб ба Русия даъват карда, сипас ба Тоҷикистон супориданд.
Аммо бо он мунтақидоне, ки дасти режим ба онҳо намерасанд, чӣ гуна бархӯрд мекунанд? Дар чунин ҳолатҳо мақомот абзорҳои фишори гуногунро дар ихтиёр дорад.
Дар марҳилаи аввал алайҳи шахс парвандаи ҷиноятӣ кушода, ӯро ба як шахси аз ҷиҳати ҳуқуқӣ “заҳролуд” табдил медиҳанд. Одатан иттиҳомҳо аз рӯи моддаҳои маъмулии сиёсӣ баста мешаванд, аз ҷумла “даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ”, “барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ”, “ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ” ва ғайра.
Марҳилаи баъдӣ ворид кардани номи ин афрод ба рӯйхатҳо барои пайгард мебошад. Ғайр аз рӯйхати шахсони дар ҷустуҷӯ қарордоштаи Вазорати корҳои дохилӣ, ӯро ба рӯйхати Бонки миллӣ ҳамчун шахс ё созмоне, ки гӯё бо терроризм ё ифротгароӣ иртибот дорад, шомил мекунанд. Сипас номи ӯро ба рӯйхати ягонаи шахсони дар кишварҳои узви СААД ва СҲШ дар ҷустуҷӯ қарор дошта ворид мекунанд.
Вобаста ба мақом ва аҳамияти шахс, мақомот метавонанд ҳатто кӯшиши шомил кадани ӯро ба рӯйхати “эълони сурх”-и созмони байналмилалии пулиси Интерпол намоянд.
Аммо ин ҳам марҳилаи охир нест. Мошини саркӯбгари Раҳмон пас аз шартан “ишораҳои огоҳкунанда” хешовандони мунтақидро ҳамчун як фишанги фишорорӣ истифода мекунад.
Нерӯҳои қудратӣ падару модар, бародарону хоҳарон ва ҳатто хешовандони дури мухолифонро ба шуъбаҳои ВКД ё КДАМ даъват мекунанд ё бо зӯрӣ меоранд. Онҳоро муддатҳои хеле дароз бозпурсӣ мекунанд. Бозпурсӣ метавонанд моҳҳо идома ёбанд. Онҳоро маҷбур месозанд муроҷиати видео сабт кунанд, ба хешовандашон ба Аврупо занг зананд, илтиҷо намоянд, ки аз навиштан дар шабакаҳои иҷтимоӣ, иштирок дар тазоҳурот ё суханронӣ дар ҳамоишҳо даст кашанд.
Тавре ки баъзеҳо нақл кардаанд, дар рафти чунин бозпурсиҳо нерӯҳои қудратӣ наздикони мухолифонро мавриди шиканҷа низ қарор медиҳанд, аз ҷумла латукӯб мекунанд, фишори равонӣ меоранд ва ҳатто таҳдид мекунанд, ки занони хонаводаи мунтақидро таҷовузи ҷинсӣ мекунанд. Бо ин усул режим ба мухолифонаш паёми равшан медиҳад: “Агар хомӯш нашавӣ, хонаводаат осеб мебинад”. Аксарияти мухолифон дар ин марҳила таслим мешаванд.
Аммо миёни мунтақидон касоне ҳам ҳастанд, ки ба чунин фишор низ сар намефароранд.
Дар ин сурат, мошини саркӯбгар ба марҳилаи навбатӣ гузашта, алайҳи хешовандони наздикаш бо иттиҳомоти сохта парвандаҳои ҷиноятӣ боз мекунад. Нисбат ба афроди бегуноҳ беасос парвандаҳои ҷиноятӣ боз мекунанд. Иттиҳомҳо метавонанд гуногун бошанд: аз қонуншиканиҳои иқтисодӣ то моддаҳои комилан сиёсӣ. Дар баъзе ҳолатҳо бо ин парвандаҳо ба ҳукмҳои воқеии зиндон маҳкум мешаванд.
Барои мисол, чунин ҳолат бо Шоҳида Мамадҷанова, модари блогер Абдураҳмон09 — Шерзод Маҳмадҷанов рух дод. Соли 2022 ӯро танҳо ба хотири фаъолияти писараш ба 6 соли зиндон маҳкум карданд.
Аслиддин Шарипов, бародари рӯзноманигори мухолиф Шавкати Муҳаммад низ ба Тоҷикистон истирдод карда, нисбаташ бо иттиҳомоти сохта парвандаҳои ҷиноятӣ боз карданд ва ба 12 соли зиндон маҳкум намуданд.
Яке аз усулҳои дигари муҳими фишор таъқиб ва бадномсозист. “Фабрикаи ботҳо” дар шабакаҳои иҷтимоӣ матолиби таҳқиромез, аксҳои таҳқиромез ва иттиҳомҳои сохтаро дар як вақт ва ба таври васеъ паҳн мекунад.
Солҳои охир мақомот боз як усули “навоваронае” пайдо кардаанд, ки пас аз таъйин шудани Шоҳрух Саидов, дӯсти наздики Рустами Эмомалӣ ба мақоми раҳбарӣ фаъолона истифода мешавад. Аз он вақт режим усули оштисозии сохтакоронаро пеш гирифтааст. Мақомот мунтақидонро даъват мекунанд, ки ба Тоҷикистон баргарданд ва ваъда медиҳанд, ки парвандаҳои ҷиноятӣ баста ва амнияташон кафолат дода мешавад.
Аммо пушти ин муомилаи нарму мулоим ҳамон мантиқи пештара пинҳон аст, яъне мақомот мехоҳанд мухолифонро бо фиреб ба Тоҷикистон баргардонанд ва боз зери назорати нирӯҳои қудратӣ дароваранд. Мақомот хуб дарк мекунад, ки дар хориҷи кишвар имкониятҳояшон маҳдуд ҳастанд, бинобар ин, чунин нармии сохтаро истифода мебаранд. Вале онҳое, ки бо воқеияти низоми адлияи тоҷик ошноянд, хуб мефаҳманд, ки чунин ваъдаҳо танҳо “дом”-и режиманд, то мунтақид худ бо пои худ ба дасти мошини саркӯбгар биёяд.
