13.9 C
Dushanbe

Интернети Starlink дар Тоҷикистон дастрас шуд

Интернети моҳвораии Starlink расман фаъолияти худро дар Тоҷикистон оғоз кард. Дар ин бора ширкати Илон Маск 5-уми феврал хабар дод.

Дар паёми кӯтоҳи ширкати Starlink дар шабакаи иҷтимоии Х гуфта мешавад: “Интернети баландсуръат ва таъхирнопазири Starlink акнун дар Тоҷикистон дастрас аст“.

Ин технология дастрасӣ ба интернети баландсуръатро бидуни насби таҷҳизоти мавҷпардози маъмулӣ таъмин мекунад. Тоҷикистон, ки кишвари кӯҳистонӣ аст ва мавҷи интернет дар аксар ноҳияҳо, бахусус дар минтақаҳои кӯҳии душворгузар хеле заиф аст ва бо хомӯш шудани барқ мавҷи интернет ҳам гум мешавад, фаъол шудани Starlink хеле муносиб аст.

Гуфта мешавад, оғози фаъолияти Starlink дар Тоҷикистон дар натиҷаи созишномаи иҷозатномавие аст, ки бо мақомоти кишвар моҳи октябри соли 2025 имзо шудааст.

Тоҷикистон пас аз Қазоқистон дувумин кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки интернети Starlink дар он расман ба кор оғоз кард. Кишвари Қазоқистон моҳи августи соли 2025 ба ин технология пайваст шуда буд.

Тибқи маълумоти пешакӣ, арзиши тариф тақрибан 1100 сомонӣ ($117,6) дар як моҳ буда, таҷҳизоти насбкунӣ 2700 сомонӣ ($288,6) арзиш дорад. Аммо то ҳанӯз мақомоти Тоҷикистон ба таври расмӣ ҷузъиёти ин масъаларо шарҳ надодаанд.

Ин хидмат бо суръати баланд, бе таъхир ва фарогирии васеъ (ҳатто дар минтақаҳои кӯҳистонӣ) пешниҳод мешавад. Ҳоло Starlink дар зиёда аз 70 кишвар фаъол аст.

Фаъол шудани Starlink дар Тоҷикистон дар ҳолест, гузоришҳо нишон медиҳанд, сифати кунунии интернет дар кишвар хеле паст буда, ҳатто ба сатҳи қафомондатарин кишварҳои дунё баробар нест. Тибқи гузоришҳои байналмилалӣ, Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии суръати интернет яке аз ҷойҳои охиринро ишғол мекунад. Масалан, дар шохиси “Speedtest Global Index“, ки моҳи декабри соли 2025 нашр шуд, Тоҷикистон аз нигоҳи суръати интернети собит (fixed broadband) дар байни аз 155 кишвари дунё дар ҷои 124-ум қарор гирифт. Мувофиқи ин шохис, Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ, ҳатто дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дорои суръати пасттарини интернет аст.

Моҳи июли соли 2025 Исфандиёри Саъдулло, сардори Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ гуфта буд, ки “то 15-уми июл суръати ҳадди ақали интернет 15 Мбит/сония буда, то охири сол ин нишондод то ба 30 Мбит/сония расонида мешавад.” Аммо моҳи декабр “Global-relocate” дар гузоришаш суръати миёнаи интернетро дар Тоҷикистон ҳамагӣ 8,14 Мбит/сония гуфта буд, ки он дар қатори Судону Афғонистон қарор гирифт.

Мушкилоти интернет дар Тоҷикистон на танҳо суръат, балки нархи он низ аз мушкилоти асосӣ ба шумор меравад. Гарчанде мақомот мегӯянд, нархи интернет каме арзонтар шудааст, аммо ҳамоно дар радабандиҳои ҷаҳонӣ интернети Тоҷикистон бо вуҷуди пасттарин суръат, гаронтарин интернет ба ҳисоб меравад.

Бо омадани Starlink ба Тоҷикистон ҳанӯз ин суоли боқист, ки оё суръати интернет дар кишвар беҳтар мешавад? Ва оё нархи гарони осмонии он арзон мешавад?

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Сатҳи талоқ дар Тоҷикистон нигаронкунанда аст

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода мегӯяд, бо вуҷуди коҳиш ёфтани омори талоқ дар кишвар, ин масъала ҳамоно нигаронкунанда боқӣ мемонад.

HRW: Нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст

Соли 2025 дар Тоҷикистон мавқеи ҳизби ҳоким мустаҳкам гардида, фишор ба ҷомеаи шаҳрвандӣ, рӯзноманигорон ва мухолифин зиёд шудааст.

Боздошти як муҳоҷири тоҷик дар Қазоқистон бо талаби Тоҷикистон

Як шаҳрванди 31-солаи Тоҷикистон, ки дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт, аз ҷонби мақомоти Қазоқистон дастгир шудааст.

Дар ҳамлаҳои нави Исроил ба Ғаззаро даҳҳо нафар кушта шуд

Рӯзи чоршанбе, 4-уми апрел дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба хаймаҳои оворагон дар Ғазза беш аз 20 нафар кушта шуданд, ки дар байни онҳо кӯадкони ширхор ҳам буданд.