Сатҳи талоқ дар Тоҷикистон нигаронкунанда аст

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода мегӯяд, бо вуҷуди коҳиш ёфтани омори талоқ дар кишвар, ин масъала ҳамоно нигаронкунанда боқӣ мемонад.

Ӯ рӯзи 5-уми феврал зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки соли гузашта дар Тоҷикистон 8 ҳазору 535 ҳолати бекоршавии ақди никоҳ сабт шудааст, ки нисбат ба соли 2024, 567 ҳолат камтар мебошад. Дар пайи пошхӯрии оилаҳо 7 ҳазору 385 кӯдаки ноболиғ аз яке аз волидон ҷудо мондаанд, ин рақам низ дар қиёс ба соли пеш коҳиш ёфтааст.

Ба гуфтаи Файзиддинзода, соли 2025 дар кишвар ҳамчунин 72 ҳазору 437 ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2024, 760 ҳолат кам мебошад. Аз ин шумора, 603 никоҳ дар асоси қарори додгоҳ ва бо коҳиш додани синни никоҳӣ сурат гирифтааст, ки дар муқоиса бо соли пеш 168 ҳолат камтар аст.

Раиси Кумитаи кор бо занон яке аз омилҳои асосии пошхӯрии оилаҳоро “издивоҷи бармаҳал” ва “омода набудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона” арзёбӣ кард.

Аммо коршиносони соҳа мегӯянд, шароити паст ва вазнини иқтисодӣ, муҳоҷирати доимии мардон, зиндагии дастаҷамъии фарзандони оиладор дар як хона ва дахолати бузургон дар ҳар кори майдаву калон аз сабабҳои асосии ҷудошавии оилаҳо мебошад.

Дар идомаи нишаст масъалаи ҷинояткорӣ низ баррасӣ гардид. Ба гуфтаи Файзиддинзода, ҷинояткорӣ дар байни занони тоҷик коҳиш ёфта, вале дар миёни духтарон афзоиш ёфтааст. Соли 2025 аз ҷониби занон 1 ҳазору 571 ҷиноят содир шудааст, ки нисбат ба соли 2024, 175 ҳолат кам мебошад. Ҳамзамон аз ҷониби духтарон 19 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 5 ҳолат бештар аст.

Ба иттилои раиси Кумитаи занон, соли 2025 ҳамчунин 590 ҳолати шикояти мардон аз зӯроварии занон ба ин ниҳод ворид гардидааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 36 ҳолат зиёд мебошад. Дар баробари ин, занон дар 3 ҳазору 609 ҳолат аз зӯроварии мардон алайҳашон шикоят кардаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли пеш 367 ҳолат бештар аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Хадамоти муҳоҷирати Русия метавонад маълумоти бонкии муҳоҷиронро тафтиш кунад

Акнун Хадамоти муҳоҷирати Русия метавонанд мустақлиона ва бо қарор додгоҳ фаъолиятҳои молии муҳоҷиронро тафтиш кунанд.

Кабирӣ рафт, кӣ омад?

Интихоби раиси нави Наҳзати исломии Тоҷикистон баргузор шуд.Имрӯз, 19-уми...

Давоми силсилаи боздоштҳо: панҷ сокини Язгулом дар масҷид дастгир шуданд

Мақомоти интизомии шаҳри Душанбе панҷ нафарро бо гумони алоқамандӣ ба ҳаракатҳои ифротгароӣ боздошт карданд.

ИМА дар ҳамдастӣ ба ҳамлаи “Крокус Сити Ҳолл” як шаҳрванди Афғонистонро маҳкум кард

Як шаҳрванди Афғонистон дар Амрико бо иттиҳоми ҳамдастӣ дар ҳамала ба толори "Крокус Сити Ҳолл" ба зиндон маҳкум шуд.