36.9 C
Dushanbe

Интиқоли пул тавассути “CONTACT” қатъ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки пул фиристодан аз Русия ва дигар кишварҳо тавассути “КИВИ БОНК, ки оператори низоми пардохтии “CONTACT”” аст, қатъ шудааст.

Бино ба иттилои расмӣ, “бо қарори Бонки марказии Федератсияи Россия аз -санаи 21 феврали соли 2024, №ОД – 266 иҷозатнома барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ аз КИВИ БОНК, ки оператори низоми пардохтии “CONTACT” мебошад, бозхонд гардид.”

Ба қавли манбаъ, дар давоми ин рӯзҳое, ки “фаъолияти низоми пардохтии “CONTACT” дар тамоми кишварҳои дунё, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби маъмурияти муваққатии КИВИ БОНК пурра маҳдуд карда шуда, пардохт ё бозхонди маблағҳои қаблан интиқолшуда ғайриимкон гардид.”

Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир “гирифтани маблағҳои тавассути низоми мазкур интиқолгардида ва бозпас гирифтани маблағҳои интиқолшуда” барои онҳо як “муаммо” шудааст. Аммо бо ин вуҷуд, кормандони он ҳолати мазкурро зери назорат ва мониторинг қарор додаанд.

Бонки миллии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки ҳамзамон “бо намояндагони низоми болозикр дар тамос мебошад ва ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои низом дар назди шаҳрвандон корбарӣ намуда истодааст”.

CONTACT” яке аз низомҳои интиқоли пул аз Русия ба дигар кишварҳо, аз ҷумла ба Тоҷикистон буд, ки бо назардошти осон ва арзонтар будани хидматрасониҳои он муҳоҷирони тоҷикистонӣ аз он ба касрат истифода мекарданд. Боки милли Тоҷикистон мегӯяд, ки “дар мавриди пайдо гардидани маълумоти нав иловатан хабар дода мешавад.”

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Фишор болои наздикони фаъолони зодаи Бадахшон

Мақомоти Тоҷикистон фишор болои хонаводаҳои зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро, ки дар хориҷ аз Тоҷикистонанду дар ҷустуҷӯ қарор доранд, сахттар кардааст.

Тазоҳуроти фаъолон дар Олмон: Ҳамкорӣ бо Тоҷикистон қатъ шавад!

Гурӯҳе аз фаъолон дар Олмон бо баргузории тазоҳурот ва дархости озодии Абдуллоҳи Шамсиддин, хостори қатъи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон шуданд.

Муттаҳидони Русия ҳамлаҳои Исроил ба Эрон ва Ғаззаро маҳкум карданд

Раҳбарони кишварҳои узви гурӯҳи БРИКС дар як баёнияи муштарак...

Боздошти ду ҷавони тоҷик дар Русия бо иттиҳоми озори ноболиғон

Пас аз баргузории ҷашнвораи фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Красноярски Русия, ду ҷавони тоҷик бо иттиҳоми озору азияти ду духтари 14-сола боздошт шудаанд.