13.9 C
Dushanbe

ИНТИХОБОТИ ЭРОН ВА ТАБРИКОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ИНТИХ{С}ОБОТ

Бознашр аз саҳифаи фейсбукии Амруллоҳи Низом

18-уми июни соли 2021 дар Ҷумҳурии исломии Эрон маъракаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор шуд. Дар ин интихобот чор нафар бо ҳам рақобат карданд. Оятуллоҳ Сайид Иброҳим Раисӣ дар ин маърака пирӯзи интихобот эълон гардид.

Оятуллоҳ Сайид Иброҳим Раисӣ, президенти тозаинтихоб ва ё ба қавли бархе мухолифонаш тозаинтисобе, ки тавассути Шӯрои Нигаҳбони Эрон тамоми рақибони ҷиддии ӯ пеш аз баргузории интихобот канор зада шудаанд, то вай ба осонӣ ба ин маснад бирасад, барои 4 соли оянда ва ё агар умраш боқӣ бошад ва дар интихоботи баъдӣ ҳам баранда шавад, барои 8 соли оянда зимоми қудратро ба даст хоҳад гирифт.

Ҳасан Рӯҳонӣ, ки пеш аз Раисӣ ба муддати 8 сол раҳбарии давлати Эронро бар уҳда дошт, нисбатан мушкилоти зиёдеро дар ду давраи раҳбариаш таҷриба кард.

Дар муддати 8 соли президентии ӯ муносибатҳо ва равобити хориҷии Эрон бо хеле аз кишварҳои дунё ба раҳбарии Омрикову ҳампаймононаш дар Ғарб ва Ховари Миёна тира шуд. Дар Осиёи Марказӣ низ парчамбардори эҷоди тирагии равобит бо Эрон Эмомалӣ Раҳмон ва режимаш буданд.

ЯХБАНДӢ

Тоҷикистон бо даъвати Арабистони Саудӣ ва ташфиқи сафораташ дар Душанбе дар солҳои 2013-2014 замони оғози даргириҳо дар Яман ва ҳамлаҳои мусаллаҳона ба он ба сафи ҳампаймонони ИМА дар Ховари Миёна пайваст ва дар Осиёи Марказӣ алайҳи Эрон мавзеъ гирифт. Яхбандӣ дар муносибатҳои дуҷониба байни Душанбе ва Теҳронро оғоз кард.

Дар соли 2015 “шӯриши Ҳоҷӣ Ҳалим” (Абдуҳалим Назаров, собиқ муъовини вазири мудофиа) ва дидори раҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ бо Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Эрон дар Теҳрон низ баҳонаеҳои бештареро дар ихтиёри кохнишинони Душанбе гузоштанд, то дар нафратпароканӣ ва сард кардани доду гирифт ва муносибатҳои дуҷониба алайҳи Теҳрон гомҳои ҷиддитареро бардоранд.

Дар соли 2017 Риёз сарони кишварҳои исломиро ба нишасте даъват кард, ки Доналд Тромп, собиқ президенти ИМА низ ҳузур дошт. Бо раҳнамоии Тромп якҷоя алайҳи Эрон эъломи мавзеъгирӣ шуд.

Ба эҳтимол, он замон Душанбе гумон мекард, ки аз ворид шудан дар эътилофи Саудӣ алайҳи Эрон бо раҳбарии Тромп, собиқ фоидаҳои зиёдеро касб мекунад, аммо бо гузашти чанд сол, акнун мебинад, он эътилофе, ки теъдоди артиши низомии кишварҳояш беш аз 100 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд  ва таҷҳизоти ҳарбиашон даҳҳо миллиард доллар арзиш доранд, дар баробари як ҳампаймони кӯчаки Эрон дар Яман-Ҷамоати Ҳӯсиҳои Яман нотавону бечора ва ба қавле “ба халосгар зор шудаанд.”

Аммо асли баҳси мо сари ин мавзӯъ нест, чун он бештар марбути Эрон аст, вале ин ҷо мехоҳам дар бораи Тоҷикистон зиёдтар суҳбат кунам. Зеро дар ин авохир мақомоти қудратии кишварамон, ки то чанд рӯзу моҳе пеш Эронро дар чашми мардум ва сокинони Тоҷикистон ба қавли Эмомалӣ Раҳмон ва режимаш кишвари ба мо “дӯст” (душман,-А.Н.), “ба ҳама маълум”, “ҳомӣ ва маблағгузори гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгароҳои хушунатталаб”,  ва ғайра тарғиб ва таблиғ менамуданд, инак ба назар мерасад, дар рафторҳои худ таҷдиди назар ва дар муносибот тағйири масир карданд.

Тоҷикистон тайи беш аз ду солу ахир тармим ва таъмири муносибот ва робитаҳо бо Эронро оғоз кардааст. Торихи оғози гармшавии ин робитаҳо шояд аз санаи шурӯъи музокироти Эрон ва Арабистони Саудӣ, ки тибқи бархе расонаҳо тайи ду соли ахир бо миёнҷигарии Ироқ аз сар гирифта шудааст, фосилаи зиёде надорад.

ЯХШИКАНӢ

Дар ҳоли ҳозир сатҳи нафратпарокании худи Эмомалӣ Раҳмон алайҳи Эрон ъаланан коҳиш ёфтааст. Тайи ин марҳилаи “яхшиканӣ”-и муносибатҳо, дастикам се мақоми баландпояи режим, аз ҷумла вазири об ва энергетика, вазири мудофиа ва вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон ба Теҳрон сафар карда, “яхшиканӣ” шурӯъ гардид.

Аз ҷониби дигар Эрон ҳам дар ин робита эълом кард, “Тоҷикистон хостори сафари ҳайъатҳои Душанбе ва мулоқотҳои мақомҳои баландпояаш будааст.” Теҳрон шояд барномаи ҷиддие дар ин марҳила дар бораи беҳтар кардани муносибатҳои хориҷии худ бо Душанберо рӯи даст надошт ва ё дар авлавияти кори худ қарор надода буд, вале чун Тоҷикистон хост, ба сафари вузарои тоҷик ва пазироӣ аз онҳо ризоият дод.

Аз тарафи дигар дар ин марҳила, чанд тан аз мақомоти баландпояи Эрон ҳам, аз ҷумла Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон дар чорчӯби баъзе барномаҳо озими Душанбе шуда, мулоқотҳое доштанд. Бо ин вуҷуд, ҳанӯз сардии равобити ду кишвар пурра аз байн нарафта, пиряхи азиме байни муносибатҳои дуҷониба вуҷуд дорад, ки об шудани он замони бештар ва дар равобити дуҷониба гармии зиёдтаре мехоҳад.

ТАЪХИР

Раисӣ барандаи интихобот эълон шуд. Аксари кишварҳо ва созмонҳои дунё дар рӯзҳои аввал ва дувум Раисиро ба ин мақом табрик карданд, Русияву Чин, Қазоқистону Ӯзбекистон, Чину Ироқ аз аввлинҳо буданд.

Аммо сомонаи президент Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикотии ӯро асри якшанбеи 20-уми июн, соати 17:55 (18:25 ба вақти Теҳрон) чоп кард. Бо таъхир ва дар айни замон вақти номуносиб, яъне баъд аз соатҳои корҳои расмӣ ҷиддияти ин паёмро то андозае зери суол бурдааст.

Дар ъурфи дипломатӣ ҳамагуна таъҷил ва таъхир метавонад чанд паёми мусбат ва ё бори манфӣ дошта бошанд. Ба назар мерасад чопи барқияи табрикотии асронаи Эмомалӣ Раҳмон, он ҳам дар рӯзи якшанбе бори манфтиаш аз паёмҳои мусбаташ камтар будааст.

БАРҚИЯ

Матни барқияи табрикотии нашр шудаи вай чунин аст:

«Ҷаноби Олӣ,

Ба Шумо табрикот ва таманниёти неки хешро ба муносибати пирӯзиатон дар интихоботи Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон иброз менамоям.

Тоҷикистону Эронро арзишҳои безаволи фарҳангиву таърихӣ ва тамаддунӣ ба ҳам мепайванданд.

Дар ин зимн мо ҳамеша хоҳони таҳкиму тавсеаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди байни кишварҳоямон бар асоси усули ҳусни тафоҳум, некхоҳӣ ва эътимоди холисона ҳастем.

Ба Шумо сиҳатмандии комил ва дар фаъолияти пурмасъулатон дар маснади олии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон комёбиҳои навин, ба мардуми дӯсти Эрон сулҳу субот, некӯаҳволӣ ва шукуфоии рӯзафзун орзу дорам».

ТАФСИР

Бо хондани ин барқияи табрикотии ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ва се усули он, ки мани хонанда ва шояд хелеҳои дигар низ онҳоро ба навъе шартгузорӣ кардани ӯ барои беҳтар кардани муносибатҳо дарк мекунад, чунинанд:

а) “ҳусни тафоҳум”.

б) “некхоҳӣ”.

в) “эътимоди холисона”.

Дар ҳоли ҳозир режимҳои Тоҷикистону Эрон ҳанӯз дар хеле аз мавридҳо ба “ҳусни тафоҳуме”, ки ҳар ду ҷониб мехоҳанд, ба тавофуқ нарасидаанд. Ҷонибҳо барои таъбир ва ё истилоҳ тафсирҳои хосси худро доранд, ки дар хеле аз мавзӯъҳо ба мисли терроризму экстримизм ҷои “ҳусн” ба “қубҳ” табдил шудааст ва решаи хеле аз ихтилофоти Душанбе ва Теҳрон низ аз ҳамин ҷо оғоз шудааст. Ё шояд корбурди ин истилоҳ бештар ҷанбаи иқтисодӣ дорад ва Эмомалӣ Раҳмон аз Раисӣ мехоҳад, ки миллиардҳо сомонӣ пули НОБи “Сангтуда 2” ва миллиардҳо доллари Бобак Занҷониро, ки режим пардохт на кардааст, суроғ накунад…

Асли дигар ва ё шарти дувуми Эмомалӣ Раҳмон ба Иброҳим Раисӣ “некхоҳӣ” таъриф шудааст, ки бо вуҷуди паҳлӯҳои мусбати калима, як навъ бори манфӣ ё тамаъ ҳам дар пай дорад. Раисӣ ҳам чун додситон аз хеле аз парвандаҳои иқтисодии кишвараш дар робита ба Тоҷикистон ва бахусус хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон огоҳ аст. Гуфтанист, режими Душанбе аз Теҳрон бо раҳбарии Раисӣ сад дар сад дилпур нест, эҳтимол эҳсоси хатар ҳам мекунад.

Асли савум ва шарти ахири Эмомалӣ Раҳмон дар калима ва ё ибораву истилоҳи таъкидӣ “эътимоди холисона” баён шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтан мехоҳад, ки ба ҳукумати Раисӣ ва давлати ҷадиди Эрон бовар надорад. Ба ин хотир таъкид мекунад, ки то “холисона” ба мисли Рӯҳониву Аҳмадинажод, ки ҳар коре хост дар аҳди онҳо анҷом дод, муносибат накунад, ба вай эътимод нахоҳад кард ва муносибот байни ду кишвар ба сатҳе, ки 10-12 соли пеш буд, барқарор нахоҳад шуд…

ЭҲСОСИ ХАТАР

Покистон яке аз муассисони гурӯҳи Толибон, Эрон яке аз ҳомиёни он. Ҳукумати Ъайну ҒАЙН дар Кобул чӣ қадри дигар умр дорад, номаълум. Ҳузури густардаи Толибон дар манотиқи назди сарҳадии Афғонистон ва тасарруфи манотиқи калидӣ ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо Тоҷикистон чанд суоли дигареро халқ мекунанд. Акнун, давутози мақомоти Тоҷикистон ба самти Кобул, Теҳрон ва Исломобод дар ин авохир чӣ маъно дошт, ки Толибонро иҷоза доданд ба осонӣ дар он сӯи Омӯ дар рӯ ба рӯи марзҳои Тоҷикистон паҳлӯ бигиранд, мавзӯъи дигаре аз ин баҳсҳост, ки Душанберо нигарон ва ба эҳтимол сабаб дар таърихи ирсоли барқия табрикоти Эмомалӣ Раҳмон ба Иброҳим Раисӣ шудааст.

Ва Худо беҳтар медонад, боз чӣ гапу хабарҳое инҷо вуҷуд дорад.

Амруллоҳи Низом, рӯзноманигор 23.06.2021

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.