36.9 C
Dushanbe

Интихоботи президентӣ дар Узбекистон

Рӯзи якшанбеи 24-уми октябр дар Узбекистон интихобти президентӣ баргузор гардид. Дар ин корзори сиёсӣ ғайр аз Шавкат Мирзиёев 4 нафари дигар барои курсии президентӣ рақобат карданд.

Рӯзи якшанбе Кумиссюни марказии интихобти Узбекистон корзори интихобтиро баргузоршуда эълон кард. Тибқи эълони ин ниҳод, дар интихобот 19,86 млн нафар ширкат варзида овозҳои худро доданд.

Мирзиёев барои бори дуюм вориди рақобат шудааст. Коршиносон мегӯянд, пирӯзии вай қатъӣ хоҳад буд, зеро рақибони ӯ ҳама номзадҳои сунъӣ буда,  дар асл онҳо ҷонибдорони худи Мирзиёев ҳастанд.

Рақибони Мирзиёев, Баҳром Абдуҳалимов аз Ҳизби “Адолат”, Мақсуда Ворисова аз Ҳизби “Халқӣ-демократӣ”, Алишер Қодиров аз Ҳизби “Эҳёи миллӣ” ва Нарзулло Обломуродов аз Ҳизби “Экологӣ”-и Узбекистон буданд, ки бо Шавкат Мирзиёев, номзад аз ҳизби Лебирал-демократ рақобат карданд.

Шавкат Мирзиёев баъд аз марги Ислом Каримов соли 2016 президенти ин кишвар интихоб шуд. Ва ҳоло барои як давраи дигар қудратро ба даст хоҳад гирифт.

Дар замони президентии Шавкат Мирзиёев муносибатҳои чандсола сарди Тоҷикистону Ӯзбекистон тағйир ёфта, нармтар шуданд. Ва ду тараф марзҳои якдигарро бар рӯи шаҳрвандони худ боз карданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Коҳиши 80%-и кишти кукнор дар Афғонистон

Толибон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хоста, ки барои кишоварзоне, ки...

ВКХ: Пайвастани Тоҷикистон ба ИИАО баррасӣ нашуд

Ҳукумати Тоҷикистон ҳоло масъалаи пайвастани кишварро ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баррасӣ надорад.

Русия: Тоҷикистон набояд ба Ғарб наздик шавад

Сергей Лавров зимни боздидаш аз Душанбе дар суханрониҳояш ба мақомоти тоҷик тазаккур дод, ки Русия намехоҳад ҳамкориҳои Тоҷикистону Ғарб бештар шаванд.

Суқути қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон

Баъд аз сафари вазири корҳои хориҷии Русия ба шаҳри Душанбе ва музокироти сатҳи олии раҳбарони Тоҷикистон ва Русия қурби рубли русӣ дар баробари пули миллӣ-сомонӣ поён расфт.