28.9 C
Dushanbe

Интихоботи Русия тағйироти ҷиддие ба зиндагонии муҳоҷирон намеорад

Ҳизби “Русияи воҳид” дар интихоботи Думаи Давлатии Русия бо ба даст овардани наздик ба 50 дарсади оро 300 курсиро соҳиб шудааст.

Тибқи иттилои хабаргузории русии “ТАСС”, пас аз шумориши 100 фоизаи оро дар Русия барои интихоби вакилони Думаи давлатӣ (парлумон)-и Русия ҳизби “Русияи воҳид” (Единая Россия) пирӯзи интихобот дониста шудааст.

Ба иттилои манбаъ, натиҷаи ҳисоби овозҳои раъйдиҳандагон нишон дода, ки Ҳизби Русияи воҳид , 49,82% фисади ороро соҳиб шуда аст. Ҳамин тариқ Ҳизби коммунистони Русия (18,93%), Ҳизби либерал-демократ (ЛДПР) – 7,55%, “Русияи одил” – 7,46% ва “Одамони нав” – 5.32% фоизи ороро соҳиб шудаанд.  Ҳамаи ин 5 ҳизб бо соҳиб шудани бештар аз 5 фоизи оро ҳаққи вуруд ба  Думаи давлатиро пайдо кардаанд.

Назарсанҷиҳо аз қабл пирӯзии ҳизби ҳокимро пешбинӣ карда буданд. Инчунин дар интихобот мухолифон ва мунтақидони Кремлин бо баҳонаҳои мухталиф роҳ наёфтанд ва гузоришҳо аз тахаллуф ва ношафоф пур кардани сандуқҳои раъй зиёд нашр шудааст. Дар ҳамин ҳол Комиссияи интихобот ин гузоришҳоро қабул надорад, ва онро кори хориҷиҳо дониста аст.

Дар Русия муҳоҷирони зиёде аз кишварҳои собиқ Шӯравӣ ва ба хусус Тоҷикистон ба сар мебранд, ки ададшон аз 1,5 то 2 милион гуфта мешавад. Интихоботи ахири ин кишвар дар зиндагии онҳо низ бетаъсир буда наметавонад, аммо коршисносн мегӯянд, беҳбудие дар кори муҳоҷирон сурат нахоҳад гирифт ва шояд қавонини муҳоҷират боз шадидтар шавад.

Фарҳод Одинаев, фаъоли сиёсии тоҷик, ки ҳудуди 20 сол дар Русия зиндагӣ ва кору фаъолият кардааст, мегӯяд дар парлумони Русия чизе иваз нашуд, ҳамон тиме куҳна ва вафодор ба Путин аст боз рӯи кор омад ва аз ин рӯй қавонин низ тағйир нахоҳад кард.

Ба гуфтаи ӯ: “Ин ҳама омодагӣ ба интихоботи соли 2024 аст, чун дар назар аст дар соли 2024 интихоботи президентӣ сӯрат бигирад ва Путин боз ҳақ дорад номзадиашро пешбарӣ кунад”.

Ин фаъоли сиёсии тоҷик таъкид мекунад, ки дар ин интихобот комунистон як кам раъйи бештар гирфитанд, аммо боз ҳам барои тағйироти ҷиддие дар қонунгузорӣ басанда нахоҳад буд ва ҳарфи аввал дар дасти тими Путин аз ҳизби “Русияи воҳид” хоҳад монд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.