Дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба вазъи занон дар шаҳри Ню-Йорк намояндагони Тоҷикистон иштирок карданд.
Ба иттилои расонаҳои давлатӣ, нишасти мазкур аз 9-ум то 19-уми марти соли ҷорӣ дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк баргузор мегардад. То имрӯз дар ин нишаст чанд масъалаи марбути ҳуқуқи занон, бахусус ҳаққи занон барои моликияти замин баррасӣ гардидааст.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки намояндагиҳои доимии Тоҷикистон ва Кения дар Созмони Милали Муттаҳид дар ҳамкорӣ бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид ва “UN-Habitat” таҳти унвони “Ҳуқуқи занон барои мудирияти замин ва захираҳои табиӣ” ҳамоиши якҷо баргузор карданд.
Зимни ҳамоиш Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода оид ба кӯшишҳои Тоҷикистон дар самти пешбурди баробарии гендерӣ дар дастрасӣ ба замин ва захираҳои табиӣ суханронӣ кардааст. Ӯ иброз дошта, ки занон дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва устувории ҷомеаҳои деҳот нақши муҳим доранд.
Ҳузури намояндагони Тоҷикистон дар нишасти ҳуқуқи занони СММ дар ҳолест, ки созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон ва кишварҳои ғарбӣ режими имрӯзаи Тоҷикистонро барои нақзи ҳуқуқу озодиҳои аҳолӣ борҳо танқид кардаанд. Аз ҷумла, зиндонӣ шудани бархе занонро, ба монанди Улфатхоним Мамадшоева, Рухшона Ҳакимова ва Шоҳида Маҳмадҷонова ҳамчун намунаи поймол шудани ҳуқуқи занон дар Тоҷикистон мисол меоранд.
Бори охир 8 созмони ҳуқуқи башарӣ дар изҳороте аз идомаи таъқибу фишори системавии мақомоти Тоҷикистон алайҳи помириҳо изҳори нигаронӣ карда буданд. Ин 8 созмон аз давлатҳои ҳамсояи Тоҷикистон ва Русия хоста буданд, ки дар таъқибҳои фаромиллӣ ширкат накунанд ва аз кишварҳои ҳомии ҳуқуқ талаб карданд, ки алайҳи мансабдорони масъули таъқибҳо таҳрим ва манъи сафар ҷорӣ намоянд.
