31.9 C
Dushanbe

Ислоҳото! Эмомалӣ Раҳмон раиси судро аз мансаб ронд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғдро ба хотири паст задани шаъну шараф аз вазифа озод намуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии Призидент “Холиқзода Акбар Ризо бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд озод карда шавад”.

Вале дар ин хабар гуфта нашудааст, ки Холиқзодаро бо кадом гуноҳ ё иттиҳоме аз вазифа озод кардаанд.

Танҳо ҳамин гуфта мешавад, ки раисҷумҳури Тоҷикистон, Холиқзода Акбар Ризоро бинобар паст задани шаъну эътибори судӣ аз мақом барканор кардааст.

Ин бори аввал нест, ки Эмомалӣ Раҳмон судяҳоро бо чунин фармон аз вазифа озод мекунад. Чанде қабл бо ҳамин шакл, Турсунзода Шараф судяи суди ноҳияи Айнӣ ва Собирзода Зайдулло Фозил судяи суди шаҳри Ҳисорро аз мақомашон барканор карда буд.

Ба назари огаҳони умур, системаи судии Тоҷикистон яке аз системаҳои фасодзадатарин унвон мешавад, ки даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистонро бо ҷурмҳои сохтаву бофта, ноадолатона равонаи зиндон мекунанд.

Коршиносони соҳа иллати асосии фасодзада будани бахши саввуми ҳокимиятро ба хариду фурӯш шудани мансабҳои судӣ рабт медиҳанд, ки як судя ба хотри маблағи сарфкардааш ба таври табиӣ даст ба фасод мезанад.

Аз руйи маълумоти ғайрирасмӣ, ки дар хабаргузориҳо нашр мешавад, нишастан бар курсии судя дар Тоҷикистон аз 30 то 40 ҳазор доллари амрикоӣ нарх доштааст. Вале мақомоти Тоҷикистон ҳамеша ин ҳарфҳоро рад мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Гуфтугӯи телефонии Муҳриддин ва Ароқчӣ

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои эрониаш суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Задухӯрди навбатӣ дар марз бо Афғонистон

Дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон боз ду қочоқбари афғон кушта ва даҳҳо кг маводи мухаддир мусодира шудааст. 

Фоҷеа: Модари ҷавон 4 фарзандашро ба дарё андохту кушт

Як зани 27-сола бо номи Мадина Ҳалимова, сокини ноҳияи Фархор, бо се духтар ва як писари хурдсолаш худро ба дарёи Сурхоб андохт, вале худаш аз марг наҷот ёфт.

Оташбаси 60-рӯза миёни Исроил ва ҲАМОС дар Ғазза

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи сешанбе эълом кард, ки Исроил тарҳи оташбасеро, ки Қатар пешниҳод кард, пазируфтааст.