Борис Ҷонсон аз мақомаш истеъфо медиҳад

Нахуствазири Бритониё Борис Ҷонсон имрӯз 7-уми июли соли 2022 ба истеъфо меравад. Дар ин бора расонаҳои бритониёӣ хабар доданд.

Гуфта мешавад, Борис Ҷонсон розӣ шудааст, ки аз мақоми раҳбари Ҳизби муҳофизакор истеъфо диҳад, аммо то фасли тирамоҳ ҳамчун сарвазири Бритониё боқӣ мемонад.

Ба истеъфо рафтани Ҷонсон дар пасманзари истеъфои беш аз 50 узви ҳукумати Бритониё сурат мегирад. Ин ҳама вазирону аъзои ҳукумат бо ибрози нобоварӣ ба Борис Ҷонсон аз мақомҳои худ истеъфо доданд.

Надҳим Заҳавӣ, вазири молияи Бритониё, ки рӯзи 5-уми июл аз сӯи Борис Ҷонсон ба ин мақом таъйин шуда буд, субҳи 7-уми июл аз нахуствазир хостааст, ки истеъфо диҳад. Инчунин имрӯз, 7-уми июл вазири маорифи ин кишвар Мишел Дунлан, ки ду рӯз пеш ба ин вазифа таъйин шуда буд, аз мақомаш истеъфо дод. Пештар аз ин вазирони молия ва тандурустии ин кишвар низ истеъфо дода буданд.

Вазири дифоъ Бен Уоллес низ Ҷонсонро ба истеъфо даъват кард, аммо гуфт, ки худи ӯ барои ҳифзи амнияти миллӣ дар вазифааш боқӣ хоҳад монд.

Яке аз сабабҳои талаби ба истеъфо рафтани Ҷонсон ба интихоби Крис Пинчер, вакили Ҳизби муҳофизакор дар порлумон маҳсуб мешавад, ки ӯ ҳоло ба дастдарозӣ ба як мард муттаҳам аст.

Пештар аз ин Борис Ҷонсонро барои зиёфатҳои бешумор дар даври пандемияи коронавирус танқид карда, истеъфояшро талаб намуда буданд.

Тибқи назарсанҷиҳои YouGov, 60% бритониёҳо аз кори ҳукумат ва 71% шахсан аз кори Ҷонсон розӣ нестанд. Дар ин назарсанҷӣ гуфта мешавад, ки аксари аъзои Ҳизби муҳофизакор, ки Ҷонсон раҳбари он мебошад, истеъфои ӯро талаб доранд.

Бино ба иттилои BBC ва The Sun, Ҷонсон пас аз истеъфо то интихоботи раиси Ҳизби ҳокими муҳофизакор дар мақоми нахуствазир корро идома медиҳад. Интихоби раиси нави ин ҳизб пеш аз тирамоҳ ё дар аввалҳои ин фасл сурат мегирад.

Борис Ҷонсон моҳи ноябри соли 2019 аз Ҳизби муҳофизакори ин кишвар ба мақоми нахуствазири Бритониё интихоб шуда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

HRW аз Олмон талаб кард, ки ихроҷи Асадулло Бобоевро шарҳ диҳад

Созмони байналмилалии Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) аз мақомоти Олмон талаб карда, ки ихроҷи фаъоли мухолифи тоҷик Асадулло Бобоевро ба Тоҷикистон шарҳ диҳанд.

Душанбе ва САҲА: идомаи ҳамкориҳо бо вуҷуди курсии холии Душанбе дар Варшава

Пас аз иштирок накардани Тоҷикистон дар нишасти САҲА, намояндаи ин ниҳод бо мақомоти тоҷик дар Душанбе гуфтугӯ карданд.

Рӯзи маҳбусони сиёсӣ: беш аз як миллион маҳбуси сиёсӣ дар ҷаҳон

То имрӯз дар саросари ҷаҳон беш аз як миллион нафар ба сабаби фаъолиятҳои сиёсӣ ва ё дигарандешӣ дар зиндонанд.

Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ камтар, вале аз Ҳиндустон ва Чин бештар

Русия дар пасманзари ҷанг алайҳи Украина ва камбуди шадиди қувваи корӣ ҷалби муҳоҷирони кориро зиёд кардааст.