37.9 C
Dushanbe

Истирдоди як тоҷикистонӣ аз Озарбойҷон ба Узбекистон

Як зани 43-солаи шаҳрвнади Тоҷикистон, ки пештар дар Озарбойҷон боздошт гардида буд, ба Узбекистон истирдод шудааст.

Расонаи “Тrend” бо такя ба дафтари матбуоти Додситонии кулли Озарбойҷон хабар дод, ки шаҳрванди Тоҷикистон Саодат Маҳмудова, соли таваллудаш 1979, бо иттиҳоми қаллобӣ аз ҷониби мақомоти Узбекистон аз соли 2021 дар пайгарди байналмилалӣ қарор дошт.

Додситонии Озарбойҷон мегӯяд, макони будубоши Маҳмудоваро мақомоти амниятии ин кишвар моҳи феврали соли ҷорӣ пайдо намуда, ӯро боздошт ва зиндонӣ карданд.

Гуфта мешавад, Саодат Маҳмудова ҳамроҳи як ҳайати махсуси Хадамоти иҷрои ҷазои Вазорати адлияи Озарбойҷон ба Узбекистон истирдод шудааст.

то ҳол назари худи боздоштшуда ва ё вакили дифои ӯ дастраси расонаҳо нест. Инчунин дар бораи макони будубошу ҷузъиёти муттаҳамшавии ӯ ба қаллобӣ тафсилоти бештаре иро намешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Эрон: Аврупо таҳдиду фишорро канор гузорад

Вазири корҳои хориҷии Эрон дар вокуниш ба таҳдидҳои кишварҳои...

Тоҷикистон аз “Роғун” ба Узбакистон барқ мефурӯшад

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки пеш аз анҷоми корҳои...

Русия муҳоҷиронро бе ваксина ба кор роҳ намедиҳад?

Мақомоти Рурия мехоҳанд, ки барои пешгирӣ аз паҳн шудани...

Интиқоли Гулмурод Ҳалимов ба минтақҳои наздимарзии Тоҷикистон

Бархе расонаҳои Афғонистон мегӯянд, ки Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи...