17.9 C
Dushanbe

Изҳори миннатдории Маҳмадалӣ Ҳаит аз СММ ва чанд талабаш аз масъулони СРИҶҶТ

Маҳмадалӣ Ҳаит – маҳбуси сиёсӣ ва муовини раиси ҲНИТ аз масъулони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Тоҷикистон хостааст, се талаби ӯро иҷро кунанд, вале мақомот танҳо иҷрои як хоҳиши ӯро ваъда кардаанд.

Радиои Озодӣ аз қавли ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳаит, Савринисо Ҷӯрабекова навишт, ки ӯ бо шаҳвараш рӯзи 22 май дар СИЗО-и рақами яки шаҳри Душанбе вохӯрӣ намуда, М.Ҳаит аз ҳамсараш хоста, ки чанд хоҳиши ӯро ба масъулони зиндонҳои Тоҷикистон бирасонад.

Рӯзи 29 май Ҷӯрабекова ба Мансурҷон Умаров раиси СРИҶҶТ хостаҳои шавҳарашро расондааст. Вале Умаров танҳо иҷрои як хоҳиши Маҳмадалӣ Ҳаитро ваъда кардааст.

Гуфта мешавад, муовини зиндонии раиси ҲНИТ аз масъулони зиндонҳои Тоҷикистон хоста, ки зарфи обҷӯшонии ӯро бозпас гардонанд, бо як нафаре, ки дар куштори занҳо муттаҳам аст, ҳамроҳ кардаанд, ҷояшро иваз кунанд ва инчунин радиояшро, ки маъмурони зиндон аз дасташ гирифтаанд, бозгардонанд. Умаров ваъда карда, ки зарфи обҷӯшонияшро боспас мегардонанд, аммо иҷрои дигар хоҳишоти М.Ҳаитро ваъда накардаанд.

Ҷӯрабекова ба Радиои Озодӣ гуфт:

“Аз се дархост танҳо якеро пазируфт ва ваъда кард, ки чойники обҷӯшониро ба ӯ бармегардонанд. Дар мавриди радио гуфт, дар долонҳои зиндон баландгӯякҳои радио фаъоланд ва зиндониён метавонанд, онро гӯш кунанд, кофӣ аст. Дархости дигарро ҳам рад карда, гуфт, вақте одам дар зиндон афтод, ҳамроҳи одамкушу террорист ва ҷинояткорони дигар адои ҷазо мекунад ва ин хилофи қонун нест.”

Ҳамчунин Маҳмадалӣ Ҳаит аз маъмурони зиндон хостааст, ӯро бо зиндониёни сиёсӣ, аз ҷумла Саидумар Ҳусайнӣ, нигоҳ доранд. Ба гуфтаи пайвандонаш ин талаби Ҳаит низ аз ҷониби раиси СРИҶҶТ рад шудааст.

Пайвандони Маҳмадлӣ Ҳаит дар суҳбат бо “Аздо тв” гуфтанд, ки илова бар ин се хоҳиш инчунин М.Ҳаит ба унвонии Мансурҷон Умаров ариза навишта, хостааст бо ӯ шахсан мулоқот кунад. Ҳамсари М.Ҳаит мегӯяд, Мансурҷон Умаров ваъда кардааст, ки бо М.Ҳаит мулоқот хоҳад кард.

Инчунин Маҳмадалӣ Ҳаит дар мулоқот бо ҳамсараш гуфта, ки он нафаре, ки дар куштори занҳо муттаҳам аст, махсус бо фармони Нуриддин Раҳмонов муовини раиси СРИҶҶ -нафаре, ки дар гузашта даст доштанаш дар шиканҷаи Маҳмадалӣ Ҳаит борҳо расонаӣ шуда буд, ба утоқи ӯ оварда шудааст.

Ҷӯрабекова мегӯяд, шавҳараш “ишора кард, ки ин зиндонӣ зуд-зуд оби ташнобро банд мекунад ва ё тавтеаҳои дигарро ба роҳ меандозад, то ӯ асабӣ шуда, вокуниши тунд нишон диҳад.”

Ба гуфтаи М.Ҳаит овардани ин зиндонӣ ба утоқи ӯ як фишори навбатиест, ки Нуриддин Раҳмонов аз дур истода ба чунин корҳо супориш медиҳад.

Ҳамчунин муовини зиндонии раиси ҲНИТ аз Созмони Миллали Муттаҳид ва инчунин аз тамоми созмонҳои байналмиллалии ҳуқуқи башар, ки барои ҳимоят аз ҳуқуқҳои ӯ талош кадаанд, изҳори миннатдорӣ кардааст.

Ӯ гуфта, талоши ин созмонҳо, ки барои ҳимоят аз ҳуқуқҳои ӯ ва зиндониёни сиёсии дигар садо баланд карданд, парвандаҳои аъзоёни ҲНИТ, ҳомиёни ҳуқуқ ва дигар зиндониёни сиёсиро пайгирӣ карданд ва бегуноҳии онҳоро собит сохтанд, боиси таҳсину қадрдонист.

Маврид ба ёдоварист, ки Маҳмадалӣ Ҳаитро мақомоти Тоҷикистон ҳамроҳ бо дигар аъзоёни ҲНИТ соли 2015 боздошт ва соли 2016 бо 14 моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, паси дарҳои баста барои якумра аз озодӣ маҳрум карданд.

Созмони Миллали Муттаҳид ва чандин созмонҳои байналмиллалии ҳомии ҳуқуқи башар аз ҳукумати Тоҷикистон озодӣ аъзоёни ҲНИТ ва махсусан Маҳмадлӣ Ҳаитро бечуну чаро талаб карданд, аммо ҳукумати кишвар ба дархости ин созмонҳои ҳуқуқ ҷавоби рад дод.

Ва ҳафтае пеш созмони ҳомии ҳуқуқи зиндониёни сиёсӣ “Freedom Now” дар суҳбат бо “Аздо тв” иброз дошт, ки ҳамроҳ бо созмони “Ҳоган Ловеллс” (Hogan Lovells) ба Кумитаи ҳуқуқи башари СММ дар масъалаи поймол шудани ҳуқуқи озодии Маҳмадалӣ Ҳаит аз ҷониби мақомдорони Тоҷикистон шикоят бурдаанд, ҳамзамон талаб намуданд, ки ин Кумита дар мавриди он ки Ҳукумати Тоҷикистон бо зиндонӣ кардани Маҳмадалӣ Ҳаит уҳдадориҳои худро дар назди Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ вайрон кардааст, чораандешӣ кунад.

Дар баробари ин, “Freedom Now” аз Кумитаи СММ хост бори дигар озодии бидуни қайду шарти Маҳмадалӣ Ҳаитро аз Ҳукумати Тоҷикистон талаб кунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Идомаи “рейд”-и муҳоҷирон дар Русия

Ҳафтаи дуюм аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои Федератсияи Русия...

Боздошти собиқ раиси Тоҷик-Эйр

Мақомоти Тоҷикистон собиқ раиси Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ва ширкати ҳавопаймойи "Тоҷик-Эйр"-ро боздошт кардаанд.

Сиёсати ҷанг ё идораи об?

Дар натиҷаи набардҳои ба вуҷуд омада дар минтақаҳои ҳаммарзи Афғонистон ва Эрон дасти кам се нафар кушта ва даҳҳо каси дигар аз ду тараф ҷароҳат бардоштанд.

Аз истирдоди як тоҷик ба Душанбе пешгирӣ шуд

28-уми майи соли ҷорӣ аз истирдоди паноҳҷӯи тоҷик Сорбон Абдураҳимзодаи 30-сола аз Варшава ба Душанбе пешгирӣ шуд.