14.9 C
Dushanbe

Иззат Амонро ба зиндони “Якум Советский” интиқол доданд

Иззат Аммон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик, ки ба 9 соли зиндон маҳкум шуда буд, аз боздоштгоҳи муввақатӣ ба зиндони маъруф ба “Якум Советский”-и шаҳри Душанбе интиқол ёфтааст. Дар ин бора ба расонаҳо писари ӯ Маҳмадюсуф Холов хабар дод.

Дар суҳбате масъулони Вазорати адлия ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Иззат Амон то ду ҳафтаи дигар дар ин зиндон карантин мешавад ва сипас ӯро бо шароити иқомат дар онҷо шинос мекунанд.

Иззат Амон, раҳбари “Маркази тоҷикон” дар Маскав 25-уми марти соли ҷорӣ аз Русия ғайб зад, вале баъдтар мақомоти Тоҷикистон эълом карданд, ки Русия ин ҳомии ҳуқуқро ба Тоҷикистон ихроҷ кардааст. Дар Тоҷикистон аз пеш бо иттиҳоми қаллобӣ алайҳи ӯ парванда боз шуда буд ва пас аз расидан дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе боздошт шуд.

Боздошти Иззат Амон дар Тоҷикистон мавҷе аз вокунишҳои муҳоҷирон, фаъолони ҷомеаи маданӣ ва корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба вуҷуд овард ва аксари мардум хостори озодии ӯ шуданд, вале мақомот эълон кардаанд, ки боздошти Иззат Амон дар асоси шикояти шаҳрвандон бо иттиҳоими қаллобӣ сурат гирифтааст. Дар ҳоле, ки тарафдоронаш ӯро бегуноҳ мешуморанд ва мегӯянд парвандаи Иззат Амон сиёсист ва ӯ барои танқидҳои ошкораш аз ҳукумат ва раҳбарони Тоҷикистон ба зиндон андохта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки 19-уми октябри соли ҷорӣ Додгоҳи олии кишвар Иззат Амонро барои 9 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Саидбурҳон Шарифов, вакили мудофеи Иззат Амон ба расонаҳо гуфта буд, ки бо вуҷуди он ки зерҳимояааш ҳамаи зарарҳоро барқарор кардааст ва бояд додгоҳ ӯро шомили қонуни авфи мекард, вале накард.

То содир шудани ҳукм ҳуқуқшиносони тоҷик бар ин бовар буданд, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи афв” Иззат Амон  озод мешавад, вале тахмини ҳама нодуруст баромад.

Инчунин Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 16-уми ноябр шикояти ӯву адвокаташро рад кард ва ин ҳукмро бетағйир боқӣ гузошт.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Изҳори ташаккурии Трамп аз боз шудани тангаи Ҳурмуз

Рӯзи ҷумъа, 17-уми апрел вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Ироқчӣ бо нашри паёме дар шабакаи Х аз пурра боз шудани тангаи Ҳурмуз хабар дод.

Тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ду кушта ба ҷо гузошт

Шаби 17-уми апрел дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар ҳудуди ноҳияи Фархори вилояти Хатлон даргирии мусаллаҳона сура гирифт, ки дар натиҷа ду нафар кушта шуданд.

Фарзанди Эмомалӣ унвони илмӣ гирифт

Фарзонаи Эмомалӣ, духтари хурдии раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвони номзади илмҳои тиб гардидааст.

Истифодаи паҳподҳо дар машқҳои низомии “Ҳамкорӣ–2026” дар Хатлон

Дар вилояти Хатлон машқҳои низомии муштараки амалиётӣ-стратегии "Ҳамкорӣ–2026" бомуваффақият анҷом ёфтанд.