31.9 C
Dushanbe

Иззат Амон: Ба зудӣ дафтари “Маркази тоҷиконро” хоҳам баст. Дигар тобу тавон надорам

Иззат Амон, як фаъол ва ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон ва раиси “Маркази тоҷикон” дар Русия дар саҳифаи Фейсбукаш бо нашри як видео хабар додааст, ки танҳо рӯзи 7 октябр  дар шаҳри Маскав ва атрофи он 7 муҳоҷири тоҷик, аз ҷумла як нафар аз коронавирус, вафот кардаанд.

Иззат Амон навиштааст,  ин нахустин тоҷики қурбонии мавҷи нави коронавирус дар Маскав аст. “Ҳамагӣ ҷавонҳои аз 20 то 35 солаанд”.

“Дидани марги ҳамватан корест басо мушкил. Зиндагӣ бароям беранг гашта. Ҳамеша ҳавли маргро ҳис менамоям. Азбас бо марг наздик будам. Ба зудӣ дафтари «Маркази тоҷиконро» хоҳам баст. Дигар тобу тавон надорам.” – навиштааст Иззат Амон.

Дар видеои нашркардаи Иззат Амон, як намояндаи “Маркази тоҷикон” мегӯяд, соати 11 ҷасади як ҷавони тоҷики 24-соларо аз сардахонаи назди истогоҳи метрои “Бауманский” гирифта, ба Ватан равон карданд.

Ҳамчунини дар идома мегӯяд, ки “Шоми 7 октябр, соатҳои 6 хабар омад, ки боз як ҳамватани мо, зодаи ноҳияи Ҷомӣ Қаҳҳоров Раҳимҷон, соли таваллудаш 1971 дар роҳ ба бемористони Марино ҷон додааст”.

Дар видео ҷасади беҷони ин муҳоҷири тоҷикро нишон медиҳанд, ки дар дохили мошин аст. Як гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик дар атрофи мошин ҷамъ омада, мунтазири мошини махсусе буданд, ки ҷасади Раҳимҷон Қаҳҳоровро ба сардхона бубарад.

Ҳамасола дар Русия тибқи оморҳои интишор гардида, беш аз 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик ба иллатҳои гуногун  вафот мекунанд. Интизор меравад, ки имсол ин рақам ба далели коронавирус боз ҳам бештар шавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Гуфтугӯи телефонии Муҳриддин ва Ароқчӣ

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои эрониаш суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Задухӯрди навбатӣ дар марз бо Афғонистон

Дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон боз ду қочоқбари афғон кушта ва даҳҳо кг маводи мухаддир мусодира шудааст. 

Фоҷеа: Модари ҷавон 4 фарзандашро ба дарё андохту кушт

Як зани 27-сола бо номи Мадина Ҳалимова, сокини ноҳияи Фархор, бо се духтар ва як писари хурдсолаш худро ба дарёи Сурхоб андохт, вале худаш аз марг наҷот ёфт.

Оташбаси 60-рӯза миёни Исроил ва ҲАМОС дар Ғазза

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи сешанбе эълом кард, ки Исроил тарҳи оташбасеро, ки Қатар пешниҳод кард, пазируфтааст.