22.9 C
Dushanbe

Иззат Амон барои муҳоҷирон ҷойи кор мекобад

Иззат Амон, раҳбари “Маркази тоҷикон” дар Русия, яке аз дастандаркорони баргузории ярмаркаи мазкур мегӯяд тасмим гирифтаанд ҳар ду ҳафта як маротиба ҳамчунин ярмаркаҳоеро ба манзури таъмини ҳамватанон бо ҷойи кор ташкил бидиҳанд.

Иззат Амон аксҳоеро аз ҷараёни баргузории ярмарка дар сафҳаи фейсбукии худ гузошта ва ба Светлана Саломова раҳбари барномаи Migranto.ru барои кумак ва пуштибонӣ аз ин чорабинӣ, ки имкон медиҳад муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ҷойи кор пайдо кунанд, изҳори ташаккур кардааст.

Имрӯз дар "Маркази тоҷикон" ярмаркаи ҷойҳои корӣ шуда гузашт.Дар ярмарка зиёда 100 нафар шаҳрвандони кишвар ширкат…

Gepostet von Izzat Amon am Dienstag, 14. Juli 2020

Гуфта шудааст, ки барои корҷӯён ҷойҳои корӣ дар вилояти Тула, Калуга, Челябинск, Сочи ва бархе аз манотиқи пойтахти Русия пайдо кардаанд. Барои мисол ба корҷӯён чунин корҳо пешниҳод шудааст: устои дарсоз, кор дар корхонаҳои истеҳсолӣ, амбори нигаҳдории сабзиҷот, комбинати гӯшт ва дар меҳмонхонаи 5 ситора, корҳои сохтмонӣ, посбонӣ ва ғайра.

Сайти Мигранто.ру навиштааст, ки ҷолиб ин буд, тайи се соат беш аз 50 корҷӯ муроҷиат карданд ва корҷӯёне ҳам омадаанд, ки ба интернет дастрасӣ надоранд ва маълумотро аз дигарҳо гирифтаанд.

Баргузоркунандагони ярмака ба ин натиҷа расидаанд, ки ҳар ҳафта ва ё дар ду ҳафта як маротиба чунин ярмаркаҳоро доир намоянд. Яъне он доимӣ бишавад. Бо ин ҳол мо аз корбарон ва  умуман муҳоҷирон хоҳишамон ин аст назару пешниҳодоти худро дар ин бора матраҳ кунанд, омадааст дар хабари “Мигрант.ру. Ҳамзамон аз Izzat Amon барои вогузории толор ва фароҳам овардани имкони мулоқот бо корҷӯён изҳори ташаккур шудааст.

Бар пояи омори мақомоти Русия беш аз 1 2000000 аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишвар ба муҳоҷирати корӣ омадаанд. Гуфта мешавад ҳудуди чиҳил дар сади тавлидоти нохолисии ин кишвар аз ҳисоби маблағҳои интиқолии муҳоҷирони корӣ такмил меёбад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Иштироки намояндаи Тоҷикистон дар САҲА

Рӯзи 17-уми июни соли ҷорӣ нишасти Кумитаи амнияти Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар шаҳри Вена баргузор гардид.

Оғози амалиёти “Нелегал” дар Челябинск

Дар вилояти Челябински Федератсияи Русия "рейд"-и муҳоҷирон бо номи амалиёти "Нелегал" оғоз ёфтааст.

Танишҳо байни Исроилу Эрон шиддат мегирад. Ҷанг ба куҷо мекашонад?

Бо оғози шашумин рӯзи ҳамлаҳои артиши Исроил ба Эрон раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон Алӣ Хоманаӣ бо нашри паёме гуфт, ба Исроил "посухи қавӣ" хоҳад дод.

Мақомот нуҳ сокини маҳаллаи “Дарвоз”-ро равонаи зиндон кард

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нуҳ сокини маҳаллаи "Дарвоз"-и пойтахтро бо иттиҳомҳои ифротгароӣ равонаи зиндон кард.