Иззат Амон чаро афв нашуд?

Шермуҳаммади Шоҳиён раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 2-юми феврал дар нишасти матбуотӣ сабаби татбиқ нашудани қонуни нави афв нисбати Иззат Амонро ба рӯзноманигорон гуфт.

Ба иддаои Шоҳиён, “Иззат Амон то замони эълони ҳукм зарарро пурра пардохт накард” ва бинобар ин дар ҳабс монд. Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон чӣ қадар қарздор будани Иззат Амонро нагуфт, вале афзуд, ки “ман намедонам, инаш муҳим нест, қаллобӣ кардааст, мардумро фиреб кардааст.”

Ҳамчунин дар нишасти матбуотии Вазорати адлия, ки онҳам рӯзи 2-юми феврал баргузор гашт, ба Музаффар Ашӯриён суол дода шуд, ки чаро нисбати Иззат Амон афв татбиқ нагардид. Ашӯриён дар посух ба рӯзноманигор гуфт, ки “ Мақомоти салоҳиятдор ҳаст, суолатонро ба онҳо диҳед. Чунки қонунҳоро онҳо татбиқ мекунанд мо иҷро мекунем.”

Дар ҳоле Шермуҳаммад Шоҳиён аз пардохт нашудани маблағ мегӯяд, ки пештар Муҳаммадюсуф Холов, писари Иззат Амон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки падарашро барои пардохта натавонистани 220 сомонии як даъвогар зиндонӣ карданд. Вай гуфта буд, омода буданд, ин маблағро бипардозанд, аммо даъвогарро дар ҳеч ҷой наёфтанд.

Иззат Амон ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия баҳори соли 2021 бо баҳонаи риоя накардани қоидаҳои будубош ва аз роҳи ғайриқонунӣ ба даст овардани мақоми шаҳрвандии он кишвар аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ ва дар шаҳри Душанбе боздошт шуд.

Мақомоти Тоҷикистон сабаби боздошти ӯро қаллобӣ гуфта, алайҳи ӯ парванда сохтанд ва 19 октябри соли 2021 бо ҳукми суд барои напардохтани 220 сомонӣ ба 9 соли зиндон маҳкум шуд.

Тарафдоронаш ӯро бегуноҳ мешуморанд ва мегӯянд парвандаи Иззат Амон сиёсист ва ӯ барои танқидҳои ошкораш аз ҳукумат ва раҳбарони Тоҷикистон ба зиндон андохта шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳуши маснуъӣ – абзори нави давлати Тоҷикистон дар саркӯби мухолифин?

Ба назар мерасад, ки мақомоти Тоҷикистон ҳуши маснуъиро ҷойгузини на танҳо барои Интерпол, балки барои муфаттишони бесавод низ пайдо кардаанд.

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.