Иззат Амон дар Душанбе аз ҷониби ВКД Тоҷикистон боздошт шуд

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон имрӯз 27 март гузориш дод, ки Иззат Амон, фаъоли сиёсӣ ва ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия дар Душанбе аз ҷониби ин ниҳод боздошт шуд.

ВКД дирӯз 26 март аз оғоз шудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати Иззат Амон бо моддаи 247, қ.4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қаллобӣ) хабар дода буд. Тибқи ин парванда ВКД ӯро дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дод. Субҳи имрӯз гуфта шуд, ки Иззат Амон дар шаҳри Душанбе аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дастгир ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд.

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон Иззат Амонро ба он гунаҳкор меҳисобад, ки гӯё бо баҳонаи ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон ва муҳоҷирони меҳнатӣ аз даҳҳо нафар маблағҳои калони пулиро гирифта аз худ кардааст.

Аммо ин иттиҳомотро худи Иззат ва наздиконаш рад мекунанд. Шаби гузашта баъзе аз атрофиёни Иззат Амон дар суҳбат бо “Аздо тв” гуфтанд, ки онҳо дар фурудгоҳи Домодедово қарор доранд ва Иззатро имшаб ба Тоҷикистон истирдод мекунанд.

Худи Иззат дар як видеои аз пеш сабтшуда, ки рӯзи 25 март дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, мегӯяд, шаҳрвандии русиягиашро лағв кардаанд ва мехоҳанд ӯро бо иттиҳомоти бофта боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод намуда ба дасти мақомоти ин кишвар бисупоранд.

Ин бори аввал нест, ки ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия шаҳрвандияшон лағв ва ба Тоҷикистон истирдод мешаванд. Аз ин пештар чунин ҳодисае ба сари шодравон Каромат Шарипов низ рух дода буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

То 46 дараҷа гармӣ ва хатари сел: Тоҷикистон аз мавҷи гармо ҳушдор дод

Агентии обуҳавошиносии назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон аз...

Эмомалӣ Раҳмон аз қонуншиканиҳо дар зиндонҳо изҳори нигаронӣ кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз қонуншикании баъзе кормандони Сарраёсати...

Дар Русия 160 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон таҳти назорат қарор доранд

Ҳудуди 160 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар рӯйхати шахсони таҳти...

Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва музди миёна дар Тоҷикистон

Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва музди миёна дар ТоҷикистонИқтисоди...