1.9 C
Dushanbe

КҲФ аз тӯфони гарду ғубор ҳушдор медиҳад!

Мутобиқи маълумоти обуҳавошиносон рӯзҳои наздик дар қисме аз манотиқи Тоҷикистон борону сел ва дар қисми дигар тӯфони гарду ғубори пешбинӣ мешавад.

Рӯзи 25-уми июн Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар истинод ба маълумоти Агентии ҳавошиносӣ ба сокинони кишвар ҳушдор дод, ки “рӯзҳои 25-26 июни соли ҷорӣ дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва дар навоҳии ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари омадани сел, рехтани сангу рег дар роҳҳои кӯҳӣ” вуҷуд дорад.

Ҳамзамон КҲФ таъкид мекунад, ки “бар иломаи ин, рӯзҳои 28-30 июни соли 2024 дар ноҳияҳои ҷанубу ғарбӣ ва марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва навоҳии шимолии вилояти Суғд бар асари тағйироти обуҳаво тӯфони гарду ғубор дар назар аст.”

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда вобаста ба ин ҳолат ва дар рӯзҳио гарду ғубор ба шаҳрвандону гардишгарон ва хусусан онҳое, ки “аз бемориҳои дилу раг ранҷ мекашанд ва ё гирифтори касалиҳои қанд ҳастанд”, чанд тавсия медиҳад:

. То 2-2,5 литр нӯшидани оби тоза;

. То ҳадди имкон пӯшидани тирезаҳои хонаҳо;

. Ба онҳое, ки гирифтори бемориҳои зиққи нафас ва роҳи нафасанд тавсия дода мешавад:

– меъёри доруҳои истеъмолиро дар ин рӯзҳо коҳиш надиҳед;

– ҳамеша бо худ ингляторҳо дошта бошед; 

– агар талабот ба ингляторҳо аз 4-6 маротиба дар як рӯз зиёд шавад, ҳатман ба духтур муроҷиат намоед.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оё бо омадани Трамп ҷанги Русияву Украина хотима меёбад?

Доналд Трамп, раисҷумҳури тозаинтихоби Амрикон ба Владимир Путин дар робита ба ҷанг дар Украина ҳушдор дод.

Тошиев: Созишномаи баҳсҳои марзӣ ба зудӣ аз ҷониби президентҳо имзо мешавад

Ба иттилои расонаҳои хабарӣ, созишнома дар бораи муайянсозии марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон то ҷашни Наврӯз аз ҷониби президентҳо ба имзо мерасад.

Ихроҷи ҳазорҳо муҳоҷир аз Санкт-Петербург

Дар соли 2024 танҳо аз шаҳри Санкт-Петербурги Русия зиёда аз 8 ҳазор муҳоҷир ихроҷ шудаанд.

Кушта шудани сарбозони Кореяи Шимолӣ дар ҷанги Русия алайҳи Украина

Расонаҳои ғарбӣ мегӯянд, дар ҷанги Русияву Украина ҳудиди 1000 сарбози Кореяи Шимолӣ, ки дар сафи артиши Русия меҷангиданд, кушта шудаанд.