4.9 C
Dushanbe

КҲФ: Рӯзҳои оянда хатари сел манотиқи кишварро таҳдид мекунад

Куитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба сокинон ҳушдор дода, ки рӯзҳои оянда эҳтимоли номусоид шудани обу ҳаво ва омадани сел дар баъзе минтақаҳои кишвар вуҷуд дорад ва эҳтиёт кунанд.

КҲФ мегӯяд, рӯзҳои оянда ба далели боду ҳавои номусоид дар вилояти Хатлон, навоҳии кӯҳии вилояти Суғд ва аксари ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ хатари вуқуи ҳодисаҳои табиӣ, боришоти шадид, бодҳои тунд, ҳатто зери об мондани баъзе минтақаҳои аҳолинишин пешбинӣ мешавад.

Ин ниҳод рӯзи чоршанбе бо истинод ба гузориши Агентии обуҳавошиносӣ гуфтааст, ки чунин вазъи номусоид рӯзҳои 9-10-уми апрел пешбинӣ мешавад.

Ҳаминтавр фаромадани тарма, зери об мондани қитъаҳои алоҳидаи роҳҳо, болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои хурд, ки дар натиҷа метавонад оби барзиёд аз соҳилҳо берун шуда ба хонаву ҳавлиҳои сокинон ворид гардад ва ё роҳҳоро барои ҳаракати мошинҳо номумкин кунад ва ҳаминхел зери об мондани киштзорон эҳтимол дода мешавд.

Инчунин ҳушдор дод шудааст, ки раъду барқ низ ҳамроҳ бо боришот ва шамол метавонад сабаби ҳаводиси ҳамчун, хароб гардидани хатҳои интиқоли қувваи барқ, шикастану рӯи роҳ афтодани дарахтон, зарар дидани бомпӯшҳои сокинон, шикастан ва ё афтодани сутунҳои сустниҳоди рекломҳо шаванд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хитоб ба сокинон гуфта, ки дар ин чанд рӯзи оянда ба чорвочаронӣ, доманакӯҳҳо, шикор ва соҳилҳо нараванд ва ҳаминтавр аз рафтани ба чидани занбӯруғҳо, ҳезуму гиёҳҳои шифобахш ва ғайра худдорӣ кунанд. 

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боз як тоҷики дигар дар доираи парвандаи “Крокус” маҳкум ба зиндон шуд

Як шаҳрванди Тоҷикистонро дар Русия бо иттиҳоми сафедкунии ҳамлаи террористии ба "Крокус Сити Холл» равонаи зиндон карданд.

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми СММ барои ҳуқуқи занон

Дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба вазъи занон дар шаҳри Ню-Йорк намояндагони Тоҷикистон иштирок карданд.

Амрико барои хариди нефти Русия ба кишварҳо иҷозат дод

Амрико бо судури иҷозати муваққатии 30-рӯза ба кишварҳо имкон дод, ки нефти таҳримшудаи Русияро харидорӣ кунанд.

Беш аз 170 миллиард рубл даромад аз ҳисоби патенти муҳоҷирон

Дар соли 2025 шаҳрвандони хориҷие, ки дар Русия бо патент кор мекунанд, ба буҷети ин кишвар 172 миллиард рубл даромад ворид карданд.