27.9 C
Dushanbe

Кӣ рост мегӯяд, Вазорати маориф ё мардум?

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон вобаста ба эътирозҳои мардум дар бораи пулситониҳои бемавриди мактабҳо аз волидайн вокуниш кард.

Ин вазоратхона дар саҳифаи расмии худ дар Facebook хабарҳоро дар бораи хариду фурӯши маҷбурии либосҳои мактабӣ дар муассисаҳои таълимӣ рад кардааст. Вазорат таъкид намудааст, ки чунин амал қатъиян мамнуъ мебошад.

Ба гуфтаи Вазорати маориф, як дастурамали либоси ягона барои хонандагону омӯзгорон таҳия ва ба муассисаҳои таълимӣ фиристода шудааст. Ин дастурамал ҷанбаи тавсиявӣ дошта, ҳадафаш таъмини ягонагии зоҳирии хонандагону омӯзгорон мебошад.

Ҳамзамон Вазорати маориф ёдовар шудааст, ки тибқи қонунгузории кишвар шаҳрвандон дар интихоби либос ва мол озод ҳастанд. Ҳар як шахс метавонад мувофиқи хоҳиш ва имконияти молии худ либос ё дигар молу коло харидорӣ кунад, бе дахолати дигарон.

Ин дар ҳолест, ки сокинони кишвар борҳо аз фурӯши иҷбории либосҳои мактабӣ дар дохили муассисаҳои таълими шикоят карда, ҳамчунин сифати чунин либосҳоро паст арзёбӣ намудаанд. Вазорат таъкид кардааст, ки дар таҳия ва дӯхти либосҳои мактабӣ даст надорад ва хотиррасон намуда, ки фурӯши либос ё дигар молу маҳсулот дар дохили муассисаҳои таълимӣ манъ аст.

Ба гуфтаи ин ниҳод, дар сурати пайдо шудани мушкилот дар сифати либосҳои мактабӣ сокинон метавонанд ба Вазорати саноат, Ожонсии стандартизатсия ва дигар мақомотҳои марбут муроҷиат намоянд.

Бо вуҷуди изҳороти Вазорати маориф ва илм сокинон мегӯянд, ки ҳар сол дар оғози соли таҳсил бо ин мушкил рӯбарӯ мешаванд. Ба гуфтаи онҳо, муассисаҳои таълимӣ аксаран хонандагонро водор месозанд, ки танҳо либосҳои пешниҳодшуда аз ҷониби мактабро харидорӣ кунанд. Аммо волидайн аз сифати паст ва нархи гарони чунин либосҳо шикоят доранд.

Аз сӯи дигар, дар охири соли таҳсил мушкили дигар, аз ҷумла ҷамъоварии маблағ аз падару модарон барои таъмири мактабҳо ва корҳои дигар домангири онҳо мешавад. Гарчанде Вазорати маориф чандин маротиба таъкид кардааст, ки чунин амалҳо ғайриқонунӣ мебошанд, вале сокинон мегӯянд, ки пул ҷамъкунӣ ҳанӯз идома дорад.

Ба андешаи падару модари хонандагон, ин мушкилот ҳар сол такрор шуда, боиси норозигӣ ва беэътимодии ҷомеа нисбат ба низоми маориф гардидааст. Онҳо аз мақомот талаб доранд, ки на танҳо бо изҳорот, балки бо чораҳои амалӣ пеши роҳи чунин ҳолатҳоро гиранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

ПМТ хостори таъсиси як механизми мустақил барои озодии зиндониёни Бадахшон шудааст

Паймони Миллии Тоҷикистон бо нашри як изҳороти расмӣ ҷомеаи ҷаҳониро даъват намудааст, то барои пешгирӣ ва хотима додани саркӯби мардуми бумии Бадахшон иқдомҳои фаврӣ анҷом диҳанд.

Сафи тоҷикон дар артиши Русия рӯз ба рӯз меафзояд

Русия ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ҷанги зидди Украина афзоиш додааст.

Зеленский дар Кохи Сафед чӣ ба даст овард?

Рӯзи гузашта дар Кохи Сафед нишасти махсуси Доналд Трамп бо Владимир Зеленский ва сарони кишварҳои аврупоӣ баргузор шуд.

Русия мехоҳад сафи муҳоҷирони кориро кам кунад

Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Русия тарҳи қонунеро пешниҳод кардааст, ки тибқи он аз соли 2026 саҳми коргарони хориҷӣ дар нӯҳ бахши иқтисоди ин кишвар кам карда мешавад.